Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати воридоту соридот дар Тоҷикистон


Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми колоҳои воридотӣ нисбат ба содиротӣ дар Тоҷикистон беш аз ду баробар афзудааст.

Бино бар иттилоъи Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дар тӯли 11 моҳ дар ҳудуди як миллиарду сесад миллион доллар анвоъи мухталифи колоҳоро ба бозорҳои хориҷӣ арза кардааст, вале дар ҳудуди ду миллиарду 970 миллион доллар колоҳои мухталифро ба ҷумҳурӣ ворид кардааст, ки 600 миллион доллар нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷумҳурӣ соли ҷорӣ беш аз 75 дарсади маводи озуқа, аз ҷумла, равғани растанӣ, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, қанду шоколад ва ғайраро аз кишварҳои хориҷӣ ворид кардааст. Ба ин далел, коршиносони ин маркази пажӯҳиш гуфтаанд, ки Тоҷикистон амнияти ғизоии худро аз даст додааст ва иллати ин падида, яъне афзоиши воридот нисбат ба содирот дар пешрафт накардани корхонаҳои талвидӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи Матлуба Улҷабоева, раиси Ассосиатсияи тоҷирони миёна ва кӯчак дар Тоҷикистон агар як далели пешрафт накардани бахши тавлиди колоҳо камбуди нерӯи барқ бошад, далели дигар ва аслӣ сиёсати норӯшани давлат дар бахши хусусӣ ва андозситонӣ аст. Хонум Улҷабоева андозҳои гаронро иллаи афзоиши нархи маҳсулоти дохилӣ меномад, ба андозае, ки ворид кардани айни ин мол аз хориҷа арзонтар мешавад. Хонум Улҷабоева мегӯяд, ба ин далел наздик ба 40 дарсади корхонаҳои хусусӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷаббор низ ба сиёсати андозситонии давлат таъкид кард ва гуфт, давлат аз мардуме, ки наметавонад бо кор таъминаш кунад ва шароиташ муҳайё намояд, андоз ва молиёти ғайриқобили муқоиса меситонад. Вай гуфт, беш аз шаст дарсади буҷаи давлат аз молиёт аст. Тоҳири Абдуҷаббор Русияро мисол меорад, ки ин рақамро аз Тоҷикистон ду баробар камтар дорад. Ӯ мегӯяд, ба ин далел тоҷирони тоҷик фаъолият дар Русияро афзал мешуморанд.

Ба гуфтаи Кумитаи омори ИДМ, ҳаҷми истеҳсолот дар Тоҷикистон беш аз 3 дарсад коҳиш ёфта, бахши тавлиди колоҳо, бахусус маводи ғизоӣ аз 25 то 30 дарсад поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG