Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости кишварҳои арабӣ аз қудратҳои ҷаҳонӣ


Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, кишварҳои арабие, ки аз барномаҳои атомии Эрон нигаронанд, мехоҳанд, ба таври муназзам ба қудратҳои ҷаҳоние мулоқот кунанд, ки саъй доранд, то Эронро мойил намоянд, ки аз барномаҳои атомиаш даст кашад. Хонум Райс дар ин бора пас аз мулоқоти намояндагони Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Баҳрайн, Миср, Ӯрдун, Кувайт, Ироқ, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб сӯҳбат кард. Ин нишасти паси дарҳои бастаро баъзе аз ҳозиронаш “ғайрирасмӣ ва омӯзанда” номида, вале гуфтаанд, ки ҳеҷ гуна сиёсат дар қиболи Эрон ё эъмоли таҳримоти изофӣ ба зидди он кишвар баррасӣ нашудааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки пайваста Эрон рад кардааст.
XS
SM
MD
LG