Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 кушта дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар Исроил


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар ҷануби Исроил 30 нафар ҷаҳонгард кушта шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Руссия будаанд. Мақомоти Ироил мегуяд, автобуси ҳомили саёҳон дар наздикии осоишгоҳи Эйлот воқеъ дар шимоли Баҳри Аҳмар аз роҳ баромада ба ҷарӣ сарозер шудааст. Як корманди умури изтирории Исроил дар маҳали ҳодиса гуфт:

"Автобус аз баландӣ ба поини водӣ сарозер шудааст, ки шумо онро дар тарафи рост мебинед. Ва ҳамаи ононе, ки маҷруҳ шудаанд, аз суи кормандони наҷот кумак гирифтанд".

Бино ба хабарҳо, дар автобус гуруҳи кормандони ширкатҳои саёҳии Руссия аз шаҳри Санкт Петербург нишаста будаанд, то дар бораи шароити истироҳат дар таътили зимистонӣ маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Мақомоти Исроил мегуянд, расидагӣ ба сабабҳои ин ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG