Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳур аз унвони қаҳрамонӣ даст кашид


Қабл аз ҷашни истиқлоли кишвар раисҷумҳури Қазоқистон ба гурӯҳи калони шаҳрвандон, ки дар кору фаъолияти хеш комёбиҳои баланд ба даст овардаанд, нишону ҷоизаҳо тақдим кард ва бисёриҳо интизор буданд, ки аввалин Қаҳрамони кори кишвар худи Назарбоев хоҳад шуд. Ин унвон як моҳ қабл таъсис ёфта буд ва порлумону ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод карданд, ки сараввал ин унвон ва шаҳодатномаи рақами 1-и Қаҳрамони кор ба сарвари давлат дода шавад.

Вале Иттиҳоди мусулмонони кишвар 1-2 рӯз қабл аз супоридани ҷоизаву унвонҳо бо пахши баёнияе аз Нурсултон Назарбоев даъват кард, ки аз гирифтани ин унвон худдорӣ варзад. Дар нома омадааст, баёнияи депутатҳои сенату маҷлис ва сарварони Ҳизби халкӣ-демократии «Нуротан» дар бораи ба раисҷумҳур додани унвони Қаҳрамони кори Қазоқистон ифодагари манофеъи давлат набуда, балки амали хушомадгӯёнаи баъзе мансабдорон аст. Чунин ибтикорҳои тамаллуқкорона сарвари давлатро дар назди миллионҳо нафар қазоқистониён ва ҷомиаи ҷаҳонӣ дар ҳоли ногувор ва хандаовар мегузорад.

Нурсултон Назарбоев аз гирифтани ҷоизаи давлатӣ даст кашид ва аввалин унвони Қаҳрамони кори Қазоқистонро ба омӯзгор, сарвари гимназияи рақами 159- и шаҳри Алмаато Оягул Миразова ва раиси кулли яке аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Қазоқистони шимолӣ Геннадий Зинченко супорид.

Ин иқдоми сарвари давлатро бархеҳо чун амали шоиста арзёбӣ карданд. Зеро, тавре Айдос Саримов мегӯяд, ҳангоми сарварӣ ба худ додани ҷоиза ҳеҷ кори хирадмандона нест. Ба андешаи сиёсатшинос, дар расонаҳои хабарӣ, ба вижа дар расонаҳои хабарии давлатӣ, қаблан ба таври васеъ баррасӣ кардани ин мавзӯъ низ кори нохуб ва бемаврид буд ва дар ҳоле ки кишвар ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст, ин кор мисли мақоли бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбуст. Сиёсатшинос мегӯяд, ҳарчанд телевизион аз субҳ то шом андармони ин мавзӯъҳост, вале онҳо дар байни мардум акси садои воқеӣ пайдо намекунанд ва чунин маъракаҳои таърифу тавсиф ва хушомадгӯёна дар асл обрӯву эҳтироми Назарбоевро боло намекунад.

XS
SM
MD
LG