Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави билярди Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи билярд бо пирӯзии варзишгарони ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид.

Элмурод Тағоев, мудири бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати қаҳрамонии кишвар, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, 24 варзишгар аз вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ ширкат варзиданд. Вале, мутаассифона, афзуд ӯ, дар мусобиқаи имсола варзишгарони вилоятҳои Суғду Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе иштирок накарданд.

Варзишгарони ҳисорӣ Бахтовар Абдуллоев дар рақобатҳо дар навъи «Пирамида», Ҷаҳонбой Абдуллоев («Пирамида-24») ва Кароматуллоҳ Қурбонов («Пирамида – 15+1) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Идимат Акрамов (Кӯлоб) дар навъи «Пирамида-16» ғолиб шуд.

XS
SM
MD
LG