Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тазоҳуроти тоҷирони хурд дар Минск

Беш аз 2000 нафар аз тоҷирони хурд дар Минск, пойтахти Беларус, алайҳи талоши давлат, ки мехоҳад воридоти маҳсулоти чаканаро аз хориҷ манъ кунад, раҳпаймоӣ карданд. Тиҷорати чунин маҳсулот дар Беларус аз соҳоти ангуштшуморест, ки дар он соҳибкории хусусиро иҷозат додаанд. Бахшҳои дигари иқтисоди Беларус асосан таҳти назорати давлат қарор дорад. Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка моҳе пеш гуфт, аз соли оянда соҳибкорон барои ҳар навъ маҳсулоти ворида, ба истиснои тавлидоти Русия, мулзаманд боҷу хироҷи гумрукиро пардохт кунанд. Тазоҳуроти имрӯза ба оромӣ сипарӣ шуд ва нирӯҳои пулис ҷиҳати пароканда кардани он иқдоме накарданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҷабборов тағйирот ба қонуни интихоботи Қирғизистонро имзо кард. Ӯ метавонад президент шавад

Содир Ҷабборов соли 2017 бо айби одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд ва то як моҳ пеш ӯ дар зиндон буд. Ҳоло ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон аст ва бар асоси тағйирот ба қонун шонс дорад президенти кишвар шавад

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғмизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) тағйирот ба қонуни интихоботро имзо кард, ки таъхир дар баргузории интихоботи парлумониву президентиро иҷоза медиҳад ва айни замон, ба қавли мунаққидон, ба худи ӯ, ки ҳанӯз як моҳ пеш бо иттиҳоми гаравонгирӣ дар зиндон буд, шонси президент шуданро фароҳам мекунад. Ҷабборов дар имзои тағйирот ба қонун хеле шитоб кард ва чанд соат баъди қабули ин тағйирот дар парлумон рӯзи 22-юми октябр қонунро ба тасвиб расонид. Тағйироти нав ба ӯ имкон медиҳад, ки ҷӯёи курсии президентӣ шавад. Баъди он ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4-уми октябри Қирғизистон бо иттиҳоми тақаллуб бекор шуду кишвар дучори эътирозу беназмиҳо гашт, Ҷабборов ба озодӣ баромад. Ӯ соли 2017 бо иттиҳоми одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва баъди бо ёрии тарафдорон озод шуданаш аз зиндон, якбора ба як пешвои эътирозгарон табдил гашт. Таҳаввулоти баъди 6-уми октябр ва эътирозҳои мардумӣ боиси аз вазифа рафтани раиси парлумон ва президенти ин кишвар шуд. Парлумон Ҷабборовро раиси нави ҳукумат эълон кард ва аз 16-уми октябр ӯ инчунин иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Бар асоси қонуни амалкунанда, Ҷабборов ҳақ надорад ба президентӣ номзад шавад. Вале бар асоси тағйирот ба қонун аз санаи 23-юми октябр, ӯ ҳақ дорад дубора дар интихобот иштирок кунад. Дар оғоз гуфта мешуд, ки интихоботи парлумонӣ рӯзи 20-уми декабр баргузор хоҳад шуд, вале бар асоси ин тағйирот, акнун то 10-уми январ қонунгузорон метавонанд ислоҳоти конститутсионӣ гузаронанд ва роҳи Ҷабборов ба қудрат боз шавад. Тағйироти конститутсионӣ дар Қирғизистон бояд то 21-уми январ анҷом шавад ва интихоботи нави парлумонӣ баъди ин пеш аз 1-уми июни соли 2021 баргузор гардад. Бархе фаъолони ҳуқуқ ва сиёсатмадорони мунаққиди ҳукумат ин амали Ҷабборовро ҳамчун талоши “ғасби қудрат” маҳкум карданд. Ҷабборов хостори тақвияти низоми президентӣ шудааст.

Талаби нахуствазири Чех ба истеъфои  вазири беҳдошт  барои нақзи  карантин

Роман Примула, вазири беҳдошти Ҷумҳурии Чех

Андрей Бабиш, сарвазарии Ҷумҳурии Чех ба вазири беҳдошт Роман Примула шарт гузошт, ки аз вазифа ихтиёран канор биравад, ваё ӯ бо қарори худ ӯро аз вазифа барканор мекунад. Ултиматум ё зарбулаҷали нахуствазир дар ҳоле садо дод, ки вазири беҳдоштро дар шароити шадид шудани меъёрҳои карантин дар як тарабхона диданд. Дар ду рӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 30 ҳазор нафар тоза ба COVID-19 гирифтор шудаанд.

Акси Роман Примула ба ҳангоми баргузории як мулоқот дар тарабхонаи Прага ба интернет роҳ ёфт ва нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 23-юми октябр гуфт, “дар ҳоле, ки ходимони тибби мо дар ҷабҳаи аввал барои наҷоти ҷони шаҳрвадони мо мубориза мебаранд, чунин амалҳо комилан нобахшиданӣ аст”.

Акс бори аввал дар маҷаллаи Blesk пайдо шуд. Он ҷо дида мешавад, ки Примула дар як тарабхона бо як мақоми баландпоя аз ҳизби ANO-и нахуствазир, ҳизбе, ки эътилофи ҳукуматӣ аз ҳисоби аъзои он ташкил шудааст, нишастааст. Ин мулоқот чанд соат баъди он барпо шуд, ки Примула дар кишвар муқаррароти сангинтари наве ҷорӣ кард ва дар миёни онҳо маҳдудияти ҳаракат ва баста шудани ҳама фурӯшгоҳҳои тиҷоратӣ буд. Аз ин пештар тарабхонаву бар ва муассисаҳои тафреҳӣ баста шуда буданд. Примула як мутахассиси соҳаи эпидемиология мебошад ва танҳо моҳи гузашта ба ин мақом таъин шуд. Вазири пешин бо сабаби якбора боло рафтани ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус ба истеъфо рафт. Ҷумҳурии Чех ҳоло яке аз кишварҳои сафи аввали Аврупо аз назари олудашавии зиёди мардумаш ба коронавирус ба шумор меравад. Дар ин кишвар ҳоло беш аз 223 ҳазор нафар олудашуда ва 1845 нафар фавтида аз COVID-19 ба ҳисоб мераванд.

Маъмурияти Enter Engineering дар Узбекистон пардохти маоши коргарони эътирозгарро шурӯъ кард

Корхонаи Uzbekistan GTL марбут ба ширкати узбекистонии Enter Engineering аст ва дар он 12 ҳазор нафар кор мекунад

Ширкати узбекистонии Enter Engineering ба коргарони корхонае, ки аз таъхири чандмоҳа дар пардохти маош даст ба эътирозу беназмиҳо заданд, бозгардони маошро шурӯъ кард. Радио Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми октябр, бо такя ба як мақомдори узви комиссиюни таҳқиқи эътирози коргарон ва ҳам чанд коргаре, ки дар сохтмони корхонаи Uzbekistan GTL кор мекарданд, гуфт, ки маоши батаъхирафтода дода мешавад. Ин корхона бо истеҳсоли гази моеъ машғул аст ва дар он 12 ҳазор нафар кор мекунанд.

Рӯзи 21-уми октябр чанд ҳазор коргари корхонае воқеъ дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо талаби пардохти маоши семоҳаву таъмини онҳо бо ғизои ваъдагӣ даст ба эътироз заданд. Дар натиҷаи беназмиҳои бархоста, корхона, бахусус бинои маъмурии он хароб шуд. Дар наворҳои видеоии дастраси Радиои Озодликшуда дида мешавад, ки мебелу компютер ва дигар таҷҳизоти воқеъ дар бинои маъмурии корхона пурра шикаста ё нобуд шудааст. Бархе кормандони корхона гуфтанд, ки барои пахши эътирозҳо ба Ғузор нирӯҳои Горди миллӣ сафарбар карда шуданд. Иттилоъ дар бораи осебдидаҳо нашр намешавад. Як корманди корхона ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки эътироз аз он ҷо бархост, ки ғизои шоми ваъдагии корхона рӯзи 20-уми октябр ба коргарон таъмин нашуд ва баъди интизориҳои чандинмоҳаи маош ин ҳолат мардумро ба хашм овард. Коргарони корхона дар як урдугоҳи вижаи марбут ба корхона зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои бархе дигар коргарон, бо сабаби пандемия дар шароиту реҷаи кори коргарон тағйирот ва маҳдудият ҷорӣ шуд, кор гоҳо номуназзам пеш мерафт ва ба ҳолати асабонияти коргарон таъсиргузор шуд. Ҳаёт Шамсуддинов, сухангӯи додситони кулли Узбекистон ба матбуот гуфт, ки ин қазияи таҳқиқ мешавад.

Парвандаи блогнависи рус барои латукӯби зане дар пахши зиндаи итернетӣ  

Саҳнае аз хушунати блогнависи рус нисбати духтари модел

Ходимони ҳифзи қонун дар Русия блогнавис Андрей Буримро, ки бо лақаби Mellstroy маъруф аст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ин мард дар як пахши зиндаи интернетӣ, ки онро 70 ҳазор нафар тамошо мекард, як духтари моделро шадидан латукӯб кард. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои “латукӯб” боз шудааст ва ин модда ҳадди аксар то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Оҷонсии “Москва” гуфт, ки блогнавис ариза навиштааст, ки макони зистро тарк намекунад.

Модели 19-сола Алёна Ефремова дар Инстаграми худ як навори видеоиро нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки Mellstroy рӯи духтарро ба миз мезанад. Ефремова гуфт, ки Андрей Бурим ӯро бо бераҳмии зиёд зад, вале касе натавонист пеши роҳи ӯро бигирад ва “оромона ин ҷиноятро тамошо карданд”. Ӯ гуфт, “агар ман мемурдам, пас ин ҳама тамошобинҳо бояд ширкатдори ин куштор мешуданд?”.

Чанде баъд ин сабт нопадид шуд. Шабакаи хусусии блогнавис дар Ютюб, ки 680 ҳазор пайрав дорад, дар шабакаи “ВКонтакте” масдуд карда шудааст.

Ҳукми зиндони Михаил Ефремов ним сол кам карда шуд

22-юми октябр, додгоҳи шаҳри Маскав

Додгоҳи шаҳри Маскав аризаи ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремовро баррасӣ карда, аз ҳукми 8 соли зиндони ӯ шаш моҳашро кам кард. Додгоҳ гуфт, ки 7,5 соли зиндонро Ефремови гунаҳгоршуда дар марги инсон дар як садамаи автомобилӣ дар зиндони низомаш умумӣ пуштисар мекунад. "Медуза" хабар дод, ки додгоҳ пардохти довталабонаи ҷуброни маънавӣ ба зарардидагони ин фоҷеаро ба инобат гирифт.
Вале худи Ефремов мехост, ки ҷазош ба чораҳои берун аз ҳабс табдил дода шавад. Вакили Ефремов гуфтааст, ки бозбинии ин ҳукмро ҳам дархост хоҳанд кард.

Ҳодиса 8-уми июни имсол дар Маскав рух дод. Ефремовро дар он гунаҳгор карданд, ки дар ҳолати сахти мастӣ сари чанбари мошин буд ва ба мошине, ки аз хати муқобили як хиёбони калон ҳаракат мекард, бархӯрд. Дар натиҷа, ронандааш бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона даргузашт.

Қазияи мазкур таваҷҷӯҳи зиёди расонаҳои хабарӣ ва ҳам мунаққидони Ефремовро ба худ ҷалб кард, чун ин ҳунарпеша солҳои охир бо мазҳакаҳои сиёсиаш маъруф буд ва дар саҳнаҳои ҳаҷвиаш худи президент Владимир Путинро ҳам ба боди интиқод кашидааст.

Дар Амрико ремдезивир барои муолиҷаи коронавирус иҷоза дода шуд

Қоҳира, Миср. Қуттии "Ремдизивир"

Идораи мавсум бо номи Маъмурияти ғизову доруворӣ (FDA) дар Амрико иҷоза дод, ки доруи ремдезивир барои муолиҷаи коронавируси нав истифода шавад. Ин дору бо номи шартии “Веклури” аз 22-юми октябр ба ин сӯ дар ИМА ба истифода иҷоза дода шудааст. Стефен Ҳан, як раҳбари FDA гуфт, ки идора омӯзиши роҳҳои табобати COVID-19-ро идома хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки иҷозаи истифодаи ремдизивир баъди санҷидани он дар бисёр муассисаҳои тиббӣ ва ҳам бар пояи хулосаҳои донишмандону олимон имконпазир шуд. Ремдизивир аз роҳи сӯзандору ба беморони бистарӣ дода мешавад ва ин то ҳол ягона доруест, ки аз ҷониби FDA дар ИМА расман барои табобати вируси ҳамагир машварат дода шудааст. То ҳол дар Аврупову Канада муваққатан истифодаи ин доруро дар муолиҷаи COVID-19 иҷоза дода буданд. Президенти ИМА Доналд Трамп, ки оғози моҳи октябр ба коронавирус гирифтор шуд, бо ҳамин дору ва маводи дигари тиббӣ муолиҷа гирифт. Яке аз хусусиятҳои ремдизивир ин аст, ки мӯҳлати муолиҷаро аз тахминан 15 рӯз то 10 рӯз кам мекунад. Ин дору бори аввал барои муолиҷаи бемории “Эбола” коркард шуда буд.

Мулоқоти президент Раҳмон бо генерали амрикоӣ

Сафорати ИМА менависад, ки дар мулоқот инчунин мақомоти вазорати дифоъ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иштирок карданд

Дар Душанбе рӯзи 22-юми октябр мулоқоти генерали амрикоӣ Фрэнк Маккензӣ, Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар мулоқот мақомоти баландпояи Вазорати мудофеа ва мақомоти амниятии Тоҷикистон мулоқот карданд. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот мубориза бо терроризм ва амнияти марзҳо ва инчунин роҳҳои идомаи ҳамкории муштараки ИМА ва Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва раванди музокироти сулҳро дар ин кишвар баррасӣ намуданд.

Ҷидоли Трамп ва Байден дар охирин мунозираи интихоботӣ

Мунозираи Доналд Трамп ва Ҷо Байден. 22 октябр, 2020.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико (номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ) ва Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури собиқ (номзади Ҳизби Демократ), рӯзи 22-юми октябр дар дебат ё мунозираи ниҳоӣ иштирок карданд. Ин дар ҳолест, ки ба интихоботи президентии Амрико камтар аз ду ҳафта мондааст.

Мунозираи телевизионии 90-дақиқаӣ байни ду рақиб дар интихобот аз мунозираи аввали онҳо бисёр нармтар буд.

Трамп, ки дар бештари назарсанҷиҳо аз Ҷо Байден ақибтар аст, аз шеваи назорати бемории ҳамагир дифоъ кард ва он мавзӯи асосии баҳс буд.

Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида "зиндагӣ бо ин вирус"-ро меомӯзад ва то поёни имсол ваксинаи он сохта мешавад. Вай хостори кушодани ҷойҳои кору иқтисоди Амрико шуд.

Байден дар посух гуфт, паҳншавии коронавируси нав идома дорад ва Доналд Трамп қасд надорад, ҷилави ончиро, ки вай "зимистони торик" хонд, бигирад.

Ҷо Байден гуфт, 220 ҳазор амрикоӣ ҷонашонро аз даст доданд ва касе, ки масъули ин теъдод маргу мир аст, набояд ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико бимонад.

Трамп ҳамчунон ба ҳамлаҳо ба Байден пардохт ва ӯро сиёсатмадори "фосид" хонд ва бори дигари иддаоҳо бар Байдену писараш Ҳантерро такрор кард, ки 5 сол узви ҳайати мудири ширкати энержии "Бурисима" дар Украина буд.

Ҷо Байден гуфт, писараш ҳангоми кор дар ширкат кори номуносиб анҷом надодааст ва дар муқобил ба ҳамла идома дод ва хотирнишон кард, Трамп касе аст, ки ба хотири муомилоташ бо Украина ба импичмент наздик шуд.

Мунозираи байни ду номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳамчунон шомили амнияти миллӣ, масоили нажодӣ, амнияти интихобот, Чин, муҳоҷират, тағйироти иқлимӣ, энержӣ ва иқтисод низ буд.

Аврупо бо мавҷи дуюми коронавирус дастбагиребон аст

Ҷумҳурии Чех. Пули таърихии "Карлов" дар маркази Прага камодам аст

Дар Аврупо мавҷи дуюми коронавирус дар авҷ аст ва бино ба таҳлилҳои оҷонсии Reuters, дар давоми даҳ рӯзи гузашта омори олудашавиҳо ба вируси нав ду баробар зиёд шудааст. Рӯзи 22-юми октябр шумори олудашавиҳои рӯзона дар Аврупо аз марзи рекордии 200 ҳазор нафар гузашт. Беморхонаҳо дар Аврупо ҳарчанд дар муқоиса бо авҷи беморӣ дар шаш моҳи пеш то нисф пур шудаанд, боз ҳам дар шароити сангин кор мекунанд. Ҷумҳурии Чех яке аз кишварҳои шадидан осебдида аз назари коронавирус тадбирҳои сахти маҳдудкунандаро ҷорӣ кард ва ҳукумат бо ҷалби 300 ходими тибби низомӣ аз ҳайати НАТО ва Иттиҳоди Аврупо талош дорад ба муолиҷаи беморон мусоидат кунад.

Любомир Метнар, вазири дифои Чех рӯзи 22-юми октябр гуфт:

“Имрӯз ҳукумат бо истиқрори табибони низомӣ аз НАТО ва Иттиҳоди Аврупо розӣ шуд. Дар давоми то 90 рӯз табибони низомӣ аз НАТО ва Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар ин ҷо мустақар шаванд. Агар ин чиз иҷро шавад, зарурати ризоияти ҳукумат ва ҳарду палатаи парлумон лозим мешавад, то ки ҳама кор зуд, нарм ва бетардид иҷро шавад”.

Дар кишвари Белгия ва ҳамсояҳояш беморхонаҳа аз муолиҷаҳои ғайриоҷил даст мекашанд. Дар Полша ҳукумат варзишгоҳи марказии Варшаваро ба бемористоне дар ҳавои боз табдил дода дар он дар як вақт 500 нафар метавонанд муолиҷа гиранд. Дар беморхонаҳои Фаронса 44 дарсади бистарҳои беморон бо олудашудаҳои COVID-19 пур шудаанд. Дар тамоми Аврупо кишварҳое, ки қаблан муқаррароти беҳдоштиро сабук карда буданд, дубора ба сахттар кардани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ даст мезананд.

Б.Карриева: "COVID-19 ҳушдоре шуд, ки бояд ба ҳама ҳолати изтирорӣ омода бошем"

Бахтикул Карриева, раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон

Бахтигул Карриева, раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, созишномаи дусолаи ахиран миёни дафтари аврупоии ин созмон ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон имзошуда бо ҳадафи роҳандозии тадбирҳои бештари давлатӣ дар бахши беҳдошт дар солҳои 2020-2021 имзо шудааст. Созишнома рӯзи 20-уми октябр ба таври онлайн вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва аз Аврупо Ҳанс Клуге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имзо кардаанд. Дафтари аврупоии СҶТ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам мебошад.

Буҷаи ин тарҳи ҳамкории дусола 2,5 миллион доллар буда, аз ҷониби ҳарду тарафи имзокунанда, инчунин Иттиҳоди Аврупо ва шариконаш таъмин мешавад. Дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ Карриева аз шарҳи ҷузъиёти марбут ба буҷаи созишнома худдорӣ кард, вале гуфт, СҶТ ӯҳдадор аст, ки дастрасии хадамоти тиббӣ ба ҳамагонро таъмин карда, сиёсати кам кардани қимати хадамот ва нархҳои маводи доруворро амалӣ кунад. Карриева рӯзи 23-юми октябр дар номааш ба унвонии Радиои Озодӣ гуфт, СҶТ Стратегияи нави Тоҷикистон оид ба тандурустӣ дар солҳои 2021-2030-ро пуштибонӣ мекунад ва дар доираи ин ҳамкориҳо маблағгузории соҳаи тандурустӣ, соддаву дастрастар кардани ёрии авалияи тиббӣ ва коҳиши сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ ва хатарҳои онро идома медиҳад.

Бахтигул Карриева таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон "тамоюли мусбати коҳиши маргумири модарон" мушоҳида мешавад, вале "беҳтар кардани саломатии насли ҷавон як вазифаи муҳим" мебошад. “Пандемияи COVID-19 ҳушдоре шуд, ки бояд ба ҳама ҳолати изтирорӣ омода бошем ва зарурати ҳамгироии муқаррароти сохторҳои байналмилалии тиббӣ ба стратегияи миллиро таъкид кард”, мегӯяд Карриева.

Созишномаи ҳамкориҳои дусолаи миёни Вазорати тандурустӣ ва СҶТ дар баробари муқобила бо пандемияи COVID-19, инчунин мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ, таъмини назорати эпидемиологӣ ва дигар тадбирҳои тиббиро мадди назар қарор додааст.

Дар ҷараёни имзои ин созишнома вазир Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, “нақши ёрирасони СҶТ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 хеле муҳим хоҳад буд”. Вай Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро “шарики стратегӣ ва махсусан муҳим” номида, афзудааст, ҳадафи ҳамкориҳо “фарогирии аҳолӣ бо хадамоти тиббӣ мебошад”.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид буда, аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад. Вазифаи асосии дафтари созмон дар Душанбе “вокуниш ба дархостҳои ҳукумат дар заминаи эҷоди сиёсати босуботи беҳдоштӣ” мебошад.

Расидагӣ ба мушкилоти мисли эмкунӣ бар зидди бемориҳои сангин, назорати вазъи эпидемиологӣ, кумак барои кам кардани паҳншавии HIV/СПИД, сил, амнияти ғизо аз доираи асосии кори созмон ба шумор меравад.

Вале мавзеъгирии масъулони дафтари созмон дар масъалаи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон (баҳори имсол) дар дохил ва хориҷи кишвар танқиди зиёд шунид.

Бахусус мудири собиқи дафтари созмон дар Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз мавқеи Вазорати беҳдошт ва ҳукумат, ки то охири моҳи апрел мегуфтанд, “дар Тоҷикистон ҳолатҳои олудагӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад”, мавриди интиқоди сахт қарор гирифт.

Бо гузашти ним сол аз он танқидҳо ҳоло ҳам бовар меравад, ки мақомот омори воқеӣ ва шиддати паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон пурра ошкор намекунанд.

ИМА гуфт, дар остонаи интихобот рахнагарони рус сохторҳои ҳукуматро ҳадаф қарор доданд

Муфаттишони амрикоӣ мегӯянд, ки ҳадафи ниҳоии рахнагарон интихоботи ИМА буда метавонад

Ҳукумати ИМА гуфт, ки рахнагарони аз ҷониби ҳукумати Русия сармоягузоришуда даҳҳо шабакаҳои давлативу ҳукуматҳои маҳаллиро дар ИМА зарба зада аз дастикам ду сервер маълумот дуздиданд. Дар як машварате, ки рӯзи 22-юми октябр нашр шуд, Бюрои Федеролии Тафтишот (FBI) ва Оҷонсии амнияти интернетиву зербунёдӣ (CISA) аз чанд намуд фаъолиятҳои рахнагарони мавриди ҳимояти Русия гузориш доданд, ки дастикам аз моҳи сентябр ба қайд гирифта шудааст. Ин оҷонсиҳо гуфтанд, то ҳол далели ин вуҷуд надорад, ки рахнагарон махсус кори низоми ҳавоӣ, маориф ва ҳукуматро хароб кардаанд. “Бо ин вуҷуд, - омадааст дар изҳорот, - бозигарон метавонанд дар талоши ин бошанд, ки аз роҳи идомаи харобкориҳо ба сиёсати ИМА ҳам таъсир расонанд”. Дар изҳорот мушаххасан гуфта нашудааст, ки кӣ ваё чӣ касе осеб дидааст, танҳо омадааст, ки рахнагарон “маконҳои зиёдро дар ИМА ҳадаф қарор доданд”. Танҳо гуфта шудааст, ки рахнагарон бо лақабҳои Berserk Bear, Energetic Bear, Dragonfly тавонистанд 2 серверро “бомуваффақият” хароб кунанд ва маълумоти онро берун оранд. Изҳороти мазкур ду ҳафта пеш аз интихоботи президентии ИМА нашр шуд. Рӯзи 21-уми октяр мақомоти амрикоӣ иддао карданд, ки Эрон ва Русия ба маълумоти раъйдиҳандагони амрикоӣ дастрасӣ пайдо карданд, то ки ба овоздиҳӣ таъсир расонанд.

Марказҳои дилхушии Хуҷандро барои пешгирӣ аз COVID-19 бастанд. ВИДЕО

Маркази дилхушии "Хваканта".

Мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтанд, фаъолияти марказҳои дилхуширо ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ манъ кардаанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 23-юми октябр бо нашри изҳороте гуфт, "масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд".

Назари масъулини марказҳои дилхушӣ то ин лаҳза дақиқ нест.

Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯз фаъолиятҳои марказҳои дилхушии "Хваканта", "Опера", "Амнизия", "Парламент", "Шоми Суғд", "Очил", "Ёсуман" ва "Барбарос" манъ карда шуд. Маъмурони милиса муваззаф шудаанд, ки иҷрои ин қарорро назорат кунанд.

"Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст",-омадааст дар изҳороти шаҳрдори Хуҷанд.

Мақомот гуфтанд, фаъолияти марказҳои тафреҳӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ ва риояи тавсияҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешаванд.

Вазъияти вобаста ба коронавирус дар вилояти Суғд бахусус дар шаҳри Хуҷанд ба гуфтаи мутахассисон бадтар шудааст. Дар рӯзҳои ахир хабарҳое аз шаҳри Хуҷанд мерасад, ки мақомот дубора қасд доранд маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд. Аз ҷумла, шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, гузарондани маъракаҳои туйро мумкин аст манъ кунанд, чун 45 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус маҳз дар туйҳо сурат гирифтааст.

"Агар одамон қоидаҳоро риоя накунанд, мо маҷбур мешавем, ки тӯйҳоро манъ кунем. Ҳангоми додани иҷозат барои гузаронидани чорабинӣ, бояд ҳатман аризаи ташкилкунандагони он дар бораи он, ки онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки меъёрҳои санитариро риоя намоянд, гирифта шавад",-иброз намудааст Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд.

Тибқи омори расмӣ, танҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 4650 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст.

Чанд дисколкубро дар Хуҷанд бастанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Ахиран ду мансабдори баландпояи бахши тандурустии вилояти Суғд аз мақомашон барканор карда шуданд. Сабаби барканории онҳо эълон нашудааст, вале ҳарду аз раҳбарони кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ин вилоят будаанд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар ҳоле дубора маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бармегардонанд, ки мутахассисони соҳаи тиб аз афзоиши дубораи пандемия дар саросари кишвар бонги изтироб мезананд. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар бетағйир аст ва онҳо рӯзона ҳудуди 40 беморро сабт мекунанд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ бо ин, ки афзоиши беморонро тасдиқ намекунанд, мегӯянд, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯи бештари сокинон боиси нигаронӣ аст. Мутахассисон ҳам мегӯянд, яке аз сабабҳои дубора афзоиш ёфтани бемории COVID-19, бепарвоии сокинон дар пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи ҷисмонӣ аст.

Тибқи иттилои расмӣ, то 22-юми октябр дар Тоҷикистон 10653 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 9393 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Ин беморӣ то кунун дар кишвар 81 қурбонӣ доштааст.

Мутахассисон бовар доранд, омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Алиев гуфт, ба баргузории раъйпурсӣ дар Қарабоғи Куҳӣ розӣ намешаванд

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" гуфт, Боку ҳечгоҳ ба баргузории раъйпурсӣ дар Қарабоғи Куҳӣ розӣ нахоҳад шуд.

"Не, албатта, не! Дар Қарабоғи Куҳӣ ҳеч гуна раъйпурсие нахоҳад шуд. Мо ба он розӣ намешавем. Мо дар рафти гуфтугӯҳо барои баргузории раъйпурсӣ розигӣ надода будем", -изҳор дошт Алиев дар суҳбат бо нашрияи ҷопонии Nikkei.

"Дар мавриди худмуайякунӣ бояд гуфт, ки арманиҳо тақдири худро муайян кардаанд. Онҳо давлати мустақил бо номи Арманистон доранд. Агар арманиҳо минтақаҳоеро, ки онҷо зиндагӣ мекунанд, ҷумҳурӣ эълом кунанд, тасаввур кунед, ки дар дунё чи қадар Арманистонҳои хурд пайдо мешавад", - илова кард президенти Озарбойҷон.

Ба гуфтаи Алиев, худмуайянкунӣ омили асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Вале он набояд тамомияти арзии Озарбойҷонро халалдор кунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, аз ҳадафи худ барои барқарор кардани тамомияти арзии Озарбойҷон даст нахоҳад кашид.

Пештар сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, низои Қарабоғи Куҳӣ аз роҳи дипломатӣ ҳал нахоҳад шуд. "Амали баъдии мо мубориза то охир аст", - изҳор дошт ӯ дар як пахши мустақим тавассути саҳифаи шахсиаш дар "Фейсбук". Ӯ аз шаҳрдорони Арманистон даъват кард, ки гуруҳҳои ихтиёриёнро ташкил кунанд ва аз сокинон хост, "дар даст силоҳ бигиранд".

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон Арманистону Озарбойҷонро ба қатъи даргириҳо длаъват карданд. Вале Боку ва Ереван 21 октябр хабар доданд, ки оташкушоиҳо идома доранд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Вакили дифои қазоқ баъди як моҷаро дар шуъбаи пулис бистарӣ шуд

Вакили дифоъ Жанара Балгабоева.

Вакили дифоъ Жанара Балгабоева 21 октябр баъди як моҷаро дар Департаменти пулиси шаҳри Алмато дар "ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ" бистарӣ шуд.

Табибон гуфтанд, ки вазъи вакили дифоъ ҳангоми интиқол ба беморхона вазнин буд: "Фишори хуни ӯ боло рафта буд". Худи Жанара Балгабоева гуфт, дар беморхона зери назорати табибон қарор дорад.

Ба гуфтаи Балгабоева, 21 октябр ӯ барои шинос шудан бо парвандаи фаъоли маданӣ Ноян Раҳимҷонов ба Департаменти пулиси Алмато рафт. Муфаттиш ба ӯ "фишори равонӣ ва ҷисмонӣ оварда, талош кардааст, бо зурӣ санадҳоро аз дасти ӯ бигирад. "Дар натиҷа ман фарёд задам, ки "Кумак кунед!", - изҳор дошт вай. Баъди ин ҳодиса вазъи сиҳатии вакили дифоъ бад шуда, ӯро ба беморхона бурдаанд.

Дар шарҳи сухангӯи Департаменти пулиси Алмато Салтанат Азирбек гуфта шудааст, ки "ҳолати фишори равониву ҷисмонӣ овардан ва расонидани осеби ҷисмонӣ ба Балгабоева расман тасдиқ карда намешавад". Намояндаи пулис гуфт, вакили дифоъ аз вазъи сиҳатияш шикоят кард, бинобар ин, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистон фишор ва таҳдид ба вакили дифоъ зиёд рух медиҳад. Балгабоева зидди муфаттиш ба пулис шикоят кардааст.

Вазорати дохилии Белорус: "Эътирозҳо ба хатари террористӣ табдил меёбанд"

Минск, Белорус. Акс аз бойгонӣ.

Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Белорус Олга Чемоданова гуфт, "эътирозҳои оммавӣ ба хатарҳои террористӣ дар ин кишвар табдил меёбанд".

Чемоданова ба оташсӯзӣ дар Жодино ва Солигорск ишора кард. Чанде пеш дар дар Жодино сокини 31-солаеро дастгир карданд, ки шаби 8 октябр дари бинои додситониро оташ зада буд.

"Ин корро баъди хондани гуруҳҳои телеграмӣ, ки ба тундгароӣ даъват мекунанд, аз рӯи аҳмақӣ кардам. Фикр накардам. Ман аз кардаам сахт пушаймон буда, афсус мехурам, ки ин корро кардам. Аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки даст ба ин гуна амалҳо назананду фикри худ ва наздиконашонро кунанд", - изҳор дошт гумонбар дар видеое, ки Вазорати умури дохилии Белорус нашр кард.

Ба иттилои пулис, дар Солигорск 21 октябр афроди ношинос чаҳор мошинеро оташ задаанд, ки дар наздикии бинои додситонӣ қарор доштанд. Кумитаи тафтишотии Белорус дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Авбошӣ" парванда боз кардааст.

"Маълум аст, ки эътирозҳои оммавии дирӯза ба хатарҳои террористӣ табдил меёбанд. Ин гуна ҳодисаҳо аз мадди назари кормандони ҳифзи ҳуқуқ дур нахоҳанд монд ва барои пешгирӣ ва муайян кардани ҷинояткорон чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд",-афзуд Чамадонова.

Дар Белорус беш аз 2 моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон ба таъхир афтод

Бишкек, Қирғизистон.

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 22 октябр тағйирот ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Қирғизистон ва вакилони порлумони Қирғизистон"-ро бидуни баҳс қабул карданд.

Дар ин тарҳи қонун пешниҳод шудааст, амали моддаҳои 38 ва 63, ки ба муҳлати баргузории интихоботи президентиву порлумонӣ рабт доранд, то анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ боз дошта шавад.

Ҳамзамон муҳлати ислоҳоти конститутсионӣ низ муайян шудааст - ин ислоҳот набояд дертар аз 10 январи соли 2021 баргузор шавад. Баъди ислоҳоти конститутсионӣ, аммо на дертар аз 1 июни соли 2021 бояд интихоботи такрории порлумонӣ ва ё интихоботи нави порлумонӣ баргузор хоҳад шуд, омадааст дар тарҳи қонун.

Оқилбек Ҷабборов, яке аз муаллифони тағйирот гуфт, баргузории интихоботи порлумонӣ, президентӣ ва раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия "ба далели мушкили молӣ" ғайриимкон аст. Аз ҳамин хотир, пешниҳод мешавад, ки интихоботҳо баъди ислоҳоти конститутсионӣ баргузор шаванд. Порлумони феълӣ то ислоҳот фаъолият мекунад.

Аз ин тарҳи қонун 83 вакил аз ҷамъи 120 вакил ҳимоят кард.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи Сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо генерали амрикоӣ сӯҳбат кард

Генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии ИМА ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти прзезиденти Тоҷикистон рӯзи 22-уми октябр хабар дод, ки дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ва вазъи Афғонистон баррасӣ гардидааст.

Тибқи хабари Дафтари матбуоти президент, дар ин сӯҳбат ба мавзуи сулҳ дар минтақа ва таҳдиду хатарҳо таваҷҷӯҳи хос шудааст.

Дар як моҳи ахир ин дуюмин сафари мақомоти амрикоӣ ба Тоҷикистон аст.

Аз ин пеш, рӯзи 4-уми октябр Залмай Хализод, фиристодаи ИМА дар умури сулҳи Афғонистон низ ба Тоҷикистон сафар дошт ва гуфт, ки бо мақомоти тоҷик мавзуи сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хати марз дорад. Амрико дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳузури низомӣ дорад.

Солҳост, ки дар Афғонистон миёни гуруҳи Толибон ва ҳукумат ҷанг давом дорад. Ҳоло бо талошҳои Амрико гурӯҳи Толибон бо ҳукумати Афғонистон дар Қатар сари музи музокирот барои поёни ҷанг нишастаанд.

Мақомоти амрикоӣ ҳангоми сафар ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мавзуи сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Дар як ҳамла дар Тахори Афғонистон 12 кӯдак кушта шудааст

Ҷасади як сарбози афғонро дар вилояти Тахор аз беморхона берун мекунанд

Дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ ба масҷиде дар вилояти Тахор, шимоли Афғонистон, 12 кӯдак кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи иттилои мақомоти расмии Афғонистон, ҳамла рӯзи 21 уми октябр дар ноҳияи Баҳорак, 15 километрии маркази вилояти Тахор рух дод.

Муҳаммад Аъзами Афзалӣ, муовини Шӯрои ин вилоят гуфтааст, субҳи он рӯз дар як бархурд бо Толибон даҳҳо корманди нерӯҳои амнияти Афғонистон кушта шуданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Аъзами Афзалӣ пас аз дарёфти хабари панаҳ бурдани Толибон дар масҷид як ҳавопаймоӣ низомӣ онро бомбборон кардааст.

Мақомоти амниятӣ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки зарба аз сӯйи нерӯҳои афғон анҷом шуд ё хориҷӣ. Афзалӣ мегӯяд, ҷангиён аллакай масҷидро тарк кардаанд.

"Тулӯъ нюс" аз қавли як манбаи худ навиштааст, ки ҳамлаи ҳавоӣ як мадрасаро ҳадаф қарор дода буд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Толибон дар деҳаи Масҷиди Сафеди Баҳорак ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла карданд. Дар ин даргирӣ аз ҷониби Толибон ҳам нафарони зиёде кушта шудаанд.

Толибон бо вуҷуди музокироти сулҳ, ки 12 сентябр оғоз ёфт, аз риояи оташбаси саросарӣ сарпечӣ карданд ва нооромӣ дар ин кишвар идома дорад.

Бино ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар як моҳи ахир, дар пайи ҳамлаҳои хунини Толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ҳудуди 40,000 сокин маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд.

Каролин Ван Бурен, намояндаи СММ дар умури паноҳандагон дар Афғонистон гуфт: “Бурида шудани хати алоқа, хатари истифода аз дастгоҳҳои тарканда ва идомаи бастани шоҳроҳи байни Қандаҳор ва Ҳилманд пас аз хароб шудани чанд пул мушкилотро афзуда истодааст".

Намояндагии СММ дар Афғонистон ҳалокати 1280 шаҳрванди Афғонистонро дар нимсолаи аввали имсол сабт кардааст, ки асосан дар натиҷаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон кушта шудаанд

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад

Аъзои порлумони Қирғизистон. 21-уми октябри 2020

Талант Мамитов, вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Республика-Ота Ҷурт" пешниҳод дорад, ки интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад.

"Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва беҳдоштии кишвар мо бояд роҳи дурустро интихоб кунем, мо ба муҳлат ниёз дорем то ин ки ба фикри мушаххасе бирасем. Тағйири Конститутсия вақт мехоҳад. Аз ҳамин хотир пешниҳод дорем, ки интихобот дертар баргузор шавад", - гуфт Мамитов.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" ҳам аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард.

Порлумони он кишвар ахиран тағйирот ба қонунгузории интихоботиро қабул кард. Бино ба тағйирот, фоизи касби раъй барои вуруд ба порлумон 3 дарсад ва кафолати интихоботӣ 1 миллион сом таъйин шуд.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5-уми октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6-уми октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6-уми октябр натиҷаи интихоботи порлумониро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Қанотбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Дар Қазоқистон дар як рӯзи охир 141 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

Мақомоти тандурустии Қазоқистон рӯзи 22 октябр хабар доданд, ки дар як рӯзи охир дар кишвар 141 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст.

Ба иттилои расмӣ, шумори умумии гирифторони вабои коронавирус ба 109 ҳазору 907 расидааст.

Дар Қазоқистон шуруъ аз 1 август гирифторони илтиҳоби монанд ба коронавирусро аз гирифторони вабои коронавирус алоҳида ба ҳисоб мегиранд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, то ин замон 36 ҳазору 200 кас ба ин навъи илтиҳоб гирифтор шудааст.

Чин ваксинаи зидди COVID-19-ро дар Узбекистон озмоиш мекунад

Масъулони Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон барои гузаронидани озмоиши клиникии воксинаи зидди коронавирус ё "Covid-19" дар ин кишвар бо намояндагони Пажӯҳишгоҳи микробиологии Академияи улуми Чин ва Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical гуфтугӯеро анҷом додаанд.

Дар вазорат 22 октябр гуфтанд, дар сурати анҷоми комёби ҳамаи марҳалаҳои озмоиши клиникӣ дар рафти гуфтугӯҳо Узбекистон нахустин кишваре хоҳад шуд, ки воксинаи зидди коронавирусро арзон мехарад.

Коршиносони вазорат бо шарикони чинии худ ташкили раванди воксингузаронӣ ва омодагиҳо ба онро баррасӣ кардаанд.

Иштирок дар озмоиши клиникии воксина озод буда, дар он аз 18-солаҳо боло метавонанд ширкат варзанд. Мутахассисони Чин пеш аз оғози озмоиши клиникӣ як қатор давраҳои омӯзишиеро роҷеъ ба шартҳои воксингузаронӣ баргузор хоҳанд кард.

Расонаҳо 29 сентябр хабар доданд, ки ҳукумати Узбекистон дар робита ба баргузор кардани марҳалаи ниҳоии озмоиши воксинаи зидди коронавирус бо ду ширкати чинӣ созишнома имзо кардааст.

Бунёди сармоягузории бевоситаи Русия 25 сентябр эълом кард, ки барои интиқоли 35 миллион мояи воксинаи зидди коронавирус - "Sputnik V" ба Узбекистон бо ширкати Laxisam Pharmaceuticals қарордод бастааст.

Даҳҳо маъмури амниятӣ дар Тахори Афғонистон кушта шуданд

Сокинони маҳаллӣ дар вилояти Тахор зиди Толибон силоҳ гирфитаанд. Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи як ҳамлаи ногаҳонӣ дар вилояти Тахори Афғонистон даҳҳо маъмури амниятӣ кушта шуданд.

Мақомот гуфтанд, хунрезӣ кори дасти Толибон аст. Теъдоди аниқи қурбониён маълум нест, вале он маргбортарин ҳамла баъди оғози музокироти деринтизори Толибону намояндагони ҳукумати Афғонистон ба шумо меравад, ки ду тараф моҳи сентябр дар Қатар оғоз карданд.

Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахор гуфт, ки ҳамла шаби 20-ум ба 21-уми октябр сурат гирифтааст ва ҷанг байни маъмурони амниятӣ ва ҳамлаварон соатҳо идома ёфтааст.

Ба қавли ӯ, дар ин ҷанг 25 нафар кушта шудаанд ва муовини сардори идораи пулис низ ҷон додааст.

Ҷавод Ҳиҷрӣ афзуд: “Толибон дар хонаҳои атрофи минтақае мавқеъ гирифта ва ба нерӯҳои мо, ки дар онҷо амалиёт анҷом медоданд, ҳамла карданд.”

Толибон масъулияти ҳамларо мустақим бар дӯш нагирифтанд, вале гуфтанд, ки ҷангҷӯёнаш бо “душман вориди даргирӣ шудаанд”, то аз онҳо барои амалиёт ба зидди гуруҳ дар Тахор қасос бигиранд.

Раҳим Дониш, сартабиби шифохонаи марказии Тахор гуфт, ба шифохона 36 ҷасад овардаанд ва 8 маъмури амниятӣ ҳам захмӣ шудаанд.

Амир Муҳаммад Хоксор, вакили вилояти Тахор гуфтааст, ки дар ҷанг 47 маъмури амниятӣ ҷон додаанд. Ва чанде пеш Ҳизби исломии Афғонистон, ки раҳбарии онро Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони бадномшуда бар душ дорад, бо як баёнияе мардуми Афғонистон ва сиёсатмадорони дигарро ҳайратзада кард, ҳарчанд баъдан аз ин баёния фосила гирифт.

Ҳизб гуфт, омода аст, дар сурати муроҷиати Озарбойҷон аъзояшро барои ҷанг ба зидди Арманистон ба Қаробоғи Куҳӣ фиристад. Онгуна ки бахши дарии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ба истилоҳ муҷоҳиддини афғон дар гузашта дар ҷанг ба зидди Арманистон ширкат кардаанд.

Гаравгонҳои "Бонки Гурҷистон" озод шуданд. Ҳамлагар фирор кардааст

Зугдидии Гурҷистон. 21-уми октябри 2020

Ҳамаи гаравгонҳоеро, ки дар "Бонки Гурҷистон" дар шаҳри Зугдидии ин кишвар гирифта шуда буданд, озод карданд. Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфт, касе аз гаравгонҳо осеб надидааст.

Шахси ношиносе, ки дар Бонки Гурҷистон 43 касро ба гарав гирифта буд, дар натиҷаи гуфтугӯ розӣ шудааст, то бештари гаравгонҳоро бар ивази таслим шудани сардори пулиси минтақаи Самегрело-Верхняя-Сванетӣ Автандил Галдава озод кунад.

Ҳамлагар дертар ҳамроҳи се гаравгон ва Галдава бинои бонкро тарк кард. Кормандони пулис тавонистанд ӯро ба озод кардани гаравгонҳои боқӣ розӣ кунонанд. Ба иттилои "Рустави 2", худи ҳамлагар дар озодӣ буда, ба ҷои номаълуме паноҳ бурдааст.

Ин марди мусаллаҳи ниқобпӯш 21 октябр ба бинои "Бонки Гурҷистон" дар Зугдидӣ ворид шуда, 43 корманд ва муштарии бонкро ба муддати беш аз ҳафт соат ба гарав гирифт ва 500 ҳазор доллар талаб кард.

Ҳамлагар дар баробари пул чархбол ё имкони сафари амн бо автобусро ҳамроҳи гаравгонҳо талаб намуд. Ӯ баъди гирифтани пул ба ҷуз аз се гаравгон, боқиро озод карда, бо мошине Зугдидиро тарк кард.

Пулиси Гурҷистон дар робита ба ин ҳодиса бо моддаҳои "Ғоратгарӣ", "Нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ " ва "Шиканҷа" парванда боз кардааст. Банди охир ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад.

Қамчӣ Колбоев, соҳибнуфузи олами ҷиноии Қирғизистон боздошт шуд

Қамчӣ Колбоев

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон боздошти соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоевро тасдиқ кард. Ба огаҳии кумита, дар рафти чорабиниҳо барои пешгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ зидди Колбоев маълумотҳо ошкор шудааст.

Колбоев 22-юми октябр ба Раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта, ба зидди ӯ бо банди "Ташкили гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ё иштирок дар фаъолияти он" парванда кушода шудааст.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки Колбоевро 22-юми октябр дар яке аз бошгоҳҳои варзишии шаҳри Бишкек боздошт кардаанд.

Қамчибек Тошиев 16-уми октябр, баъди таъйин шуданаш ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки агар фаъолиятҳои ҷиноии Колбоев тасдиқ шаванд, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Қамчӣ Колбоев дар қайди Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳамчун раҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ қарор дошт. Ба ҳисоби вазорат, соли 2018 шумори аъзои гуруҳи вай ба 424 мерасид.

Президенти пешини Амрико Барак Обама соли 2012 номи Колбоевро ба "рӯйхати сиёҳ"-и ҳафт қочоқбари бузургтарин шомил кард. Департаменти давлатии ИМА, барои маълумоте, ки "боиси ба ҳам задани механизмҳои молӣ"-и Колбоев мешавад, то миллион доллар мукофот пешниҳод намуд.

Колбоев дар баробари 10 соҳибнуфузи олами ҷиноии кишварҳои пешини шӯравӣ дар "рӯйхати сиёҳ"-и Вазорати адлияи ИМА низ қарор дорад.

Дар Ҷумҳурии Чех дар як рӯз 15 ҳазор нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд

Норозигии шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех аз маҳдудиятҳо

Мақомоти Ҷумҳурии Чех рӯзи 22 октябр гуфтанд, ки шумори рекордии гирифторони коронавирусро дар 24 соати гузашта сабт кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Чех, шабонарӯзи гузашта наздики 15 ҳазор нафар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд, ки ин боиси андешидани тадбирҳои шадидтар шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад.

Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ва ё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад.

Бабиш гуфт: “Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем, вале ба назари ман, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо ҷони ҳамватанони худро ҳифз кунем. Ин далели асосии қабули чунин қарор буд”.

Тадбирҳои нави маҳдудкунанда дар ҳоле гирифта шуданд, ки мақомоти беҳдоштӣ рӯзи 21-уми октябр гуфтанд, дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 12 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Дар як ҳафтаи охир дар саросари Ҷумҳурии Чех 464 нафар қурбони коронавирус шуда, шумори умумии талафоти инсонҳо ба 1619 нафар расид. Дар маҷмӯъ дар саросари ин кишвар то ҳол тахминан 194 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва ин омор барои кишваре бо 10,7 миллион аҳолӣ хеле баланд ба шумор меравад.

Вазири беҳдошт Роман Примула гуфт, ки пешбинӣ мешавад дар таърихҳои 11-уми ноябр авҷи олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар мушоҳида шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG