Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб 5 афсари пулиси Ироқро кушт


Пулиси Ироқ мегӯяд, имрӯз ҳамлаи маргталабона бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дасти кам 5 афсари пулисро кушта ва 30 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт. Ин мошин дар як посгоҳи пулис дар минтақаи Хондарӣ дар ғарби Бағдод мунфаҷир шуд. Ва ҳам имрӯз афроди мусаллаҳ дар ғарби Мувсил 7 узви як хонаводаро ба ҳалокат расондаанд. Ин ҳафт тани кушташуда пайрави мазҳаби тоисломии Язидӣ ном бурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG