Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти муҳоҷирини афғонӣ дар Тоҷикистон


«Устоди меҳрубонам, ай дусттар зи ҷонам, Бошам ба ҳикмати ту то зинда дар ҷаҳонам Бо лутфу меҳрубонӣ, бо сад ширинзабонӣ Алфози хуби дилкаш бинҳодӣ бар забонам...»

Ин чанд мисраъро Иқлиммоҳ як хонандаи афғон дар васфи омӯзгоронаш қироъат мекунад. Омӯзгороне, ки ба ӯ дар Тоҷикистон хатту савод меомӯзанд.

Иқлиммоҳ ҳам мисли дигар 200 ҳаммилатони худ ҳоло дар мактабҳои миёнаи шаҳри Ваҳдат машғули таҳсил аст. Бо пеш омадани мушкилот оилаи онҳо ҳам ба Тоҷикистон ҳиҷрат мекунанд ва баъд аз муддате дурӣ аз таҳсил ӯ дар мактаби шумораи 1-и шаҳри Ваҳдат ба таҳсил мепардозад.

Дар Афғонистон Иқлиммоҳ хонандаи синфи 9 буд, вале дар макотиби Тоҷикистон ба ӯ пешниҳод карданд, то ба далели надонистани хатти кириллики тоҷикӣ таҳсилро аз синфи 4 шурӯъ кунад.

Бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, теъдоди паноҳчӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон торафт бештар мешавад ва феълан ҳудуди 1600 нафари онҳо дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя ба сар мебаранд.

Бештари интеъдоди паноҳандагони афғонӣ дар шаҳри Ваҳдат, 20-километрии пойтахти Тоҷикистон, истиқомат ихтиёр намудаанд. Ҷиҳати ҳарчи зудтар фаро гирифтани фарзандони ин муҳоҷирон ба таҳсил дар Тоҷикистон СММ ба ҳукумати ин кшвар мусоъидат мекунад. Дари мактабҳои Тоҷикистон ба рӯи ин хонандагони муҳоҷир боз аст, аммо мушкилии аслие, ки ғолибан монеъи идомаи омӯзиши ин хонандагон дар Тоҷикистон мешавад, муғойирати хатҳои форсӣ ва сирилик аст. Иқлиммоҳ мегӯяд: «Вақте муаллимон дарс мегӯянд, мо ба хатти худ менависем, чун, агар ба хатти тоҷикӣ, яъне сирилик нависем, хонда ва аз худ карда наметавонем: мо аз хурдӣ ба хатти худ одат кардаем. Фақат ҳангоми ҷамъбасти чорякӣ зимни навиштани иншо ба тоҷикӣ менависему халос».

Вале ба хотири дур намондани ин хонандагон аз таҳсил ва ҷалби онҳо ба мактаб Созмони Милали Муттаҳид ба ин хонандагон дар давраҳои махсуси омӯзиши хатти сирилик ва забони русӣ меомӯзад. Иля Тодорович, раҳбари дафтари тоҷикистонии Кумисориёи олии СММ дар умури паноҳандагон: «Кӯдакони афғон, албатта, ба омӯзиши забони маҳаллӣ, яъне хондану навиштан ба ҳуруфи сирилкӣ ниёз доранд. Ва ба ҳамин хотир мо чунин давраҳои омӯзишӣ ташкил кардем. Чун як давраи омӯзишӣ кофӣ нест, мо ин корро идома медиҳем ва курсҳои омӯзиширо дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон барои муҳоҷирони афғонӣ ташкил хоҳем кард. Мо ташкили чунин курсҳоро барои калонсолон ҳам дар назар дорем».

И. Тодорович ҳамчунин аз мушкилоти дигари муҳассилини афғонӣ дар Тоҷикистон ёдрас шуда, меафзояд: «Албатта ин хонандагон мушкилоти зиёде доранд, чун дониши онҳо на ҳамеша ба барномаҳои таълимии Тоҷикистон мувофиқат мекунад, зеро онҳо дар ватани худ аз бисёр чизҳо дур мондаанд. Вале, ба ҳар сурат, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар таҳсил ба ҳамсолони тоҷики худ баробар бошанд».

Мурсал, хонандаи дигари афғонистонии ин мактаб, ки дар синфи 7-ум таҳсил мекунад, бар ин аст, ки мушкили ӯ бештар дар мавриди омӯзиши дарсҳои забони русӣ ва илмҳои дақиқ мебошад. Дар ҳамин ҳол, вай дар омӯзиши забонҳои анлисӣ ва форсӣ ҳамеша баҳои аъло мегирад.

Аммо ба гуфти оқои Тодорович, афғонбачаҳо дар зиндагии худ ба як ҳолати ногуворе мувоҷеҳ шудаанд ва аз ҳама бештар ба муносибати хубу дӯстонаи ҳамсабақони тоҷикашон ниёз доранд, ҳарчанд ин чандон эҳсос намешудааст.

Муҳассилини афғонии муқими Тоҷикистон мегӯянд, ба вижа дар рӯзҳои аввали таҳсил ҳамсабақони тоҷикашон бо онҳо муносибати хуб надоштанд. Яке аз онҳо бо таассуф тасдиқ мекунад: «Мегуфтанд, ки ту афғонӣ, дар синфи мо нахон». Ӯ ҳамоно меафзояд: «Хайр, агар мо аз Афғонистон ҳастем, ифтихор мекунем, ки афғонӣ ҳастем. Дар Тоҷикистон дар баробари дигар қавму миллиятҳо танҳо мо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанем...»

Танҳо дар мактаби шумораи 1-и шаҳри Ваҳдат беш аз 30 афғонистонӣ таҳсил мекунанд ва, ба гуфти омӯзгорон, сатҳи дониши онҳо хуб аст.

Аксари мусоҳибони наврасам мегӯянд, агар то хатми таҳсил дар Тоҷикистон бимонанд омӯзишашонро дар макотиби олии ин кишвар ҳам идома хоҳанд дод. Бояд гуфт дар пойтахти Тоҷикистон мактаби махсуси Афғонҳо бо номи «Сомониён» низ дубора ба фаъъолият шурӯъ кардааст, ки дар он хонандагони афғонистонӣ бо хатти худ дарс мегиранд.

Ин мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки бо кумак ва маблағгузории собиқ Раисҷумҳури Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2000-ум дар ҳамоҳангӣ бо вазорати маорифи Тоҷикистон ба фаъъолият шурӯъ карда буд, соле қабл бо сабабҳои мухталиф аз фаъъолият бозмонда буд. Аммо муҳоҷирони афғоне, ки берун аз пойтахти кишвар ба сар мебаранд имкони таҳсил дар ин мактаб бо хатти худро надоранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG