Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани тақрибан бенатиҷаи Афғонистон дар Порис


Фиристодаҳои Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавораш ва ҳамин тавр, намояндагони қудратҳои ҷаҳонӣ дар анҷумани Порис ба зарурати ҳамкориҳои бештар ба хотири эъмори амният дар Афғонистон тавофуқ карданд. Ин нишаст дирӯз дар пойтахти Фаронса доир шуд. Дар баёнияи нишаст гуфта мешавад, ки бидуни эъмори Афғонистони амну босубот ва демокративу шукуфо наметавон ба сулҳу амнияти дарозмуддат дар минтақа даст ёфт. Аҳли анҷумани Порис ҷиҳати ҳамкори танготанг дар амри тақвияти амният дар марзҳои Афғонистон ба хотири мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир тааҳҳуд супурданд, вале кадом ибтикори ҷадиди мушаххасе дар ин замина эълон нашуд.
XS
SM
MD
LG