Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия аз раҳпаймоии норозиён пешгирӣ кард


Бино ба гузоришҳо, дируз пулиси Русия дар ду шаҳри бузурги ин кишвар беш аз 100 нафарро дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозӣ боздошт кард. Тақрибан 90 нафари онҳо дар Маскав боздошт шудаанд. Гарри Каспаров-қаҳрамони собиқи шатранҷи ҷаҳон ва фаъолони дигар ба нақша гирифта буданд, ки дар Маскав раҳпаймоии ғайримуҷози норозиёни сиёсиро баргузор мекунанд. Эдард Лимонов-раҳбари ҳизби "Русияи дигар"- ҳизби мухолифи давлат дар миёни боздоштшудагон аст. Бино ба гузориши хабарнигори радиои Озодӣ, 20 нафари дигар дар раҳпаймоии норозиёни сиёсӣ дар Санкт Петербург боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG