Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш барои худоҳофизӣ вориди Афғонистон шуд


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико воирди Афғонистон шуд. Боздиди Буш ғайримунтазира сурат мегирад ва вай аз Ироқ ба Афғонистон омад. Ҳавопаймои раиси ҷумҳури Амрико дар Багром, дар пойгоҳи низомии Амрико фуруд омад. Интизор меравад, ки Ҷорҷ Буш имруз бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугу кунад. Вай бо сарбозони Амрико дар Афғонистон низ мулоқот ва суҳбат хоҳад кард. Оқои Буш ҳангоми парвоз ба хабарнигорон гуфт, вай мехоҳад ба Ҳомид Карзай изҳори сипос кунад ва ба мардуми Афғонистон бигуяд, ки баъд аз 20-уми январ низ баъд аз он, ки Барак Обама-раиси мунтахаби Амрико ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад, Амрико ҳамчунон дар паҳлуи мардуми афғон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG