Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд


Мақомоти Туркманистон мегӯянд, 90 дарсади 2 миллиону 500 ҳазор раъйдиҳандаи сабтиномшуда дар интихоботи порлумонии ин кишвар ширкат кард, ки имкон медиҳад, интихобот баргузоршуда эълон гардад. Раиси Кумисюни марказии интихоботии Туркманистон, Мурод Қориев гуфт, натиҷаҳои интихобот дар 10 рӯзи оянда эълон хоҳанд шуд. 288 номзад барои 125 курсии порлумон мубориза мекунанд, ки ҳукумат мегӯяд, роҳе ба ислоҳоти бештар хоҳад буд. Аммо аксари номзадҳо аз ҳизби ҳокими президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд. Дар ҳоле ки нозирони байнулмилалии каме ба мушоҳидаи ин раъйдиҳӣ фиристода шудаанд, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз афзоиши маҳдудиятҳо дар кори хабарнигорон дар рӯзҳои интихоботи Туркманистон изҳори ташвиш кардаанд.
XS
SM
MD
LG