Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Интизории тасаллодиҳандаи ин ки бо сабаби пайвандҳои кам ва набуди бозори саҳмияҳо бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард, нодуруст баромад.

Ин нуктаро яке аз иқтисоддонҳои саршиноси кишвар, ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов дар нишасти мизи мудаввар дар Маркази пажӯҳишҳои стратегии Тоҷикистон изҳор доштааст.

Ба навиштаи хабаргузории ИТАРТАСС, Юсуфов гуфтааст, мавҷи дувум ва қавитари бӯҳрон дар ҷаҳон паҳн мешавад, ки Тоҷикистонро низ фаро хоҳад гирифт. Дар ҳоле ки даромади фурӯши алюмин ва пахта дар буҷаи давлатӣ аз чаҳор се ҳиссаро ташкил медиҳанд, нархи алюмин ду баробар ва пахта сеяк ҳисса кам шудааст. Талабот ба дигар маводи бе ин ҳам ками содиротии Тоҷикистон бо суръат коҳиш меёбад ва акнун интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷи кишвар низ кам хоҳад шуд.

Таври маълум ихтисори ҷойҳои кор дар Русия дар навбати аввал ба муҳоҷирон таъсир хоҳад кард ва онҳо аз шуғлу даромад маҳрум хоҳанд гашт. Ҳамзаон Русия ахиран эълон кардааст, ки саҳми муҳоҷиронро дар иқтисодиёташ 50 дарсад коҳиш хоҳад дод.

Дар ҳамин нишаст зикр гардид, ки Тоҷикистон дар тули солҳои охир натавонистааст, саноати хӯрокворӣ ва сабукро эҳё кунад, судури меваю сабзавот ба хориҷа низ дар сатҳи ҳаваскорона ва инфиродӣ боқӣ монда, ба як ришати сердаромади содиротӣ табдил наётфааст. Гуфта шуд, вазъи бӯҳронӣ дар кишвар ва бозгашти ҳазорон нафар аз муҳоҷирони бекормонда ба ватан метавонад сабаби бесуботиҳои мамлакат гардад. Коршиносон пешниҳод кардаанд, ки ҳукумат ҳарчӣ зудтар як барномаи фаврии умумимиллиро барои эҷоди ҷойҳои кор ва эҳёи саноат омода ва иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG