Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба ҳамоиши Афғонистон дар Порис


Фиристодагони баландпоя аз Афғонистон, давлатҳои ҳамсояи он ва қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи якшанбе дар Порис роҳҳои бурунории Афғонистон аз бӯҳронро баррасӣ хоҳанд кард. Мақомоти Фаронса мегӯянд, ҳадаф аз ҳамоиш даъвати кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба нақши бештар ва мусбат барои ҳимоят аз ҳукумати афғонистон аст. Интизор меравад, аз Иёлоти Муттаҳида ёвари вазири умури хориҷӣ Ричард Баучер ва аз Эрон, вазири умури хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ дар ҷаласа ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG