Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба интихоботи Туркманистон нозир намефиристад


ИМА барои назорати интихоботи парлумонии Туркманистон нозирони худро ба Ашқобод намефиристад. Андрей Паул, як корманди сафорати Амрико дар Туркманистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат баргузории ин маъракаи сиёсиро ғайрирасмӣ назорат хоҳад кард ва аз натоиҷи он Департаменти давлатиро огаҳ хоҳад намуд. Ӯ афзуд, ки Туркманистон барои мутобиқ сохтани қавонинаш ба меъёрҳои байнулмиллалӣ бояд роҳи тулониеро тай кунад. Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нишоне аз бисёрҳизбӣ ва расонаҳои хабарии мустақил ба чашм намерасад.

Интихоботи парлумонии Туркманистон рӯзи 14 декабр баргузор мешавад. Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ гурӯҳҳои хурди нозиронашонро ба Ашқобод мефиристанд, ки теъдоди умумии онҳо тақрибан 40 нафар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG