Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия афроди машкук ба Ал Қоъидаро боздошт кард


Мақомоти интизомии Белгия 14-нафарро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо шабакаи террористии Ал Қоъида боздошт кардаанд. Бино ба гузоришҳо, дар амалиёти боздошт дар шаҳрҳои Бруксел ва Лиг бештар аз даҳ нафар корманди пулис ширкат доштаанд. Ивес Летерме-нахуствазири Белжик ба рузноманигорон гуфт:


"Мо маҷбур будем ин корро хеле ҷиддӣ бигирем. Ман фикр мекунам, ки ин яке аз мудохилаҳои бонатиҷаи нируҳои интизомӣ буд ва нишон медиҳад, ки чаро баъзе тадобири амниятӣ кори зарурист".

Дар амлиёти боздошт гуруҳи машкуки исломӣ ҳадаф қарор гирифта буд, гуруҳе, ки дар Афғонистон ва Покистон машқ дидааст.

XS
SM
MD
LG