Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ заъиф мешавад


Шигео Катсу-муовини раиси минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба заъфи амиқ ва давомдори рушди иқтисодӣ ру ба ру хоҳанд шуд, зеро ба сабабҳои буҳрони сартосарии молӣ сармоягузорӣ дар ин минтақа камтар мешавад. Катсу гуфт, бо назардошти ин раванд Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2009 сармоягузорӣ дар кишварҳои ин минтақаро ду баробар афзоиш медиҳад. Соли 2008 ин бонк 4 милиярду 200 милиён сармоягузорӣ кардааст. Соли оянда ин маблағ тақрибан 8 милиярд долларро ташкил хоҳад дод. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, Туркияву Русия ва Қазоқистон аз буҳрони сартосарии молӣ зарар дидаанд, дар ҳоле ки боло рафтани нархи хурокӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Молдова таъсири манфӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG