Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар ойинаи матбуот


Ин ҳафта “Азия-плюс” ба шарҳи бештари таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон пардохтааст.

Ҳафтанома менависад, ҳарчанд дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ барномаҳои зиддибӯҳрониро рӯйи даст гирифтаанд, вале дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба пайомадҳои ин бӯҳрон хушбинанд ва мегӯянд, ки “ин бӯҳрони мо нест ва он ба кишвари мо коре надорад”.

Аммо ба таъкиди “Азия-плюс”, аз ҳоло феҳристи мушкилоте, аз ҷумлаи пойин рафтани қиммати алюминиюм ва пунба ё пахта дар бозори ҷаҳонӣ мавҷуд аст, ки метавонад вазъ дар Тоҷикистонро вахимтар кунад. Зафар Самадов, як иқтисоддони тоҷик, дар сӯҳбат ба “Азия-плюс” гуфтааст, ҳамин тавр, содироти пахта ва алюминиюми Тоҷикистон аз 70 дарсад ба 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки “лаззат”-и нахустини онро боз ҳам буҷаи кишвар “мечашад”.

Зимнан, нашрияи “Миллат” ҳам дар матлабе таъсири бӯҳрони молиро ба кишварҳое аз назари иқтисодӣ заъиф хатарбор дониста ва нақши онро дар болоравии нарху навои бозорҳо низ ҳалкунанда шумурдааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳибааш бо хабарнигори “Нигоҳ” гуфтааст, ки аксар тарҳҳои пешниҳодии раисҷумҳур бидуни тағйироти ҷиддӣ дар порлумон қабул мешаванд. Оқои Кабирӣ гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд вакилони мардумӣ тарҳи пешниҳодии раисиҷумҳур дар бораи дин ва созмонҳои диниро низ бипазиранд.

Раиси ҳизби наҳзати исломӣ аз он изҳори таассуф кардааст, ки тарҳи пешниҳодии ҳизби ӯро на дар порлумон ва на дар ҳукумат ҷонибдорӣ накардаанд...

“Паррандаҳои муҳоҷир ба лона бармегарданд”. Ин унвони як матлаб аз ҳафтаномаи “Миллат” аст, ки дар пайи даъвати Владимир Путин барои коҳиши панҷоҳ дарсади квотаҳо барои муҳоҷирини хориҷӣ нашр шудааст. Шокирҷони Ҳаким, устоди Донишгоҳи байнулмилалии Душанбе, ба “Миллат” гуфтааст, дар сурати ба расмият даровардани хоҳиши оқои Путин, бешубҳа, натиҷаи манфии ин амалро интизор шуд.

Шокирҷони Ҳаким гуфтааст, аввалан мақомоти Тоҷикистон дар дохили кишвар шарту шароит барои таъмин намудани сокинон бо ҷойи корро муайян кунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳукумат оҷилан тадобири фавқуллода наандешад, “эҳтимоли муташанниҷ гардидани авзоъи сиёсиву иҷтимоӣ вуҷуд дорад”.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар заминаи пажӯҳишҳои созмони Pakt-ink, ки дар ҳашт навоҳии Тоҷикистон анҷом шудааст, менависад, “шиками сер ҳанӯз нишонаи бойигарӣ нест”. Ба навиштаи “Нигоҳ”, барои зиндагии одии ҳаррӯза ба ҷуз аз хӯрдан, пӯшидан, фароғат кардан ва манзили зисти хуб ҳам зарур аст.

Ин нашрия мегӯяд, бояд дар як сол инсон аз рӯйи меъёр 60 кило гӯшт истеъмол кунад, вале дар Тоҷикистон ин рақам ба 7 кило баробар будааст, ки ба ҳисоби “Нигоҳ” ҳаштуним баробар камтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байнулмилалӣ ҳам аз касодии дастурхони сокинони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва мегӯянд, то ҳанӯз бештар аз шаст дарсади аҳолӣ дар зери хатти фақр ба сар мебаранд.

Ҳафтаномаи “Озодагон” ин дафъа ба шарҳи муваффақиятҳои Ҳасан Асадуллозода, раҳбари ширкати “Ориёнбонк”, пардохтааст. Ин нашрия гуфтааст, агар рейтинги пурҳангоматарин чеҳраи Тоҷикистон гузаронида шавад, бегуфтугӯ, оқои Асадуллозода дар ҷойи аввал қарор хоҳад гирифт.

Ба навиштаи “Озодагон”, назари сокинони кишвар ба пешрафтҳои Ҳасан Асадуллозода мусбат ва гузашта аз ин яксон нахоҳад буд. Зеро онҳо нахуст ба Асадуллозода ҳамчун ба додарарӯси президент менигаранд ва мегӯянд, ки “ин ҳама дороиро ӯ аз куҷо ёфтааст?”

Аммо “Озодагон” менависад, “агар “Ориёнбонк” имрӯз аз муваффақтарин бонк бошад, натиҷаи қобилияту истеъдоди хуби раисаш Ҳасан Асадуллозода аст”. Нашрия мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон ба чунин менеҷерҳои “чашми кордон” ниёз дорад...

XS
SM
MD
LG