Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони ҳалокшуда аз Лангари Норак будаанд


Ҳуввияти ду тан аз шаҳрвандони тоҷики ҳалокшуда бар асари фурӯ рафтани боми як сохтмон дар тангкӯчаи Староконюшенскийи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шиносоӣ шудааст. Боми ин манзил соати тақрибан сеи пешини чоршанбе, 10 декабр фурӯ рафт. Дар соати фалокат 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Русия дар дохили бино будаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш то ин соат аз зери овори боми фурӯрафта ҷасади 4 коргари кушташударо берун кашидаанд, вале ду нафар ҳанӯз дар зери овор боқӣ мемонанд. Каромат Шарифов, раиси лигаи миллии тоҷикони Русия ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон аз рустои Лангари Норак буда, ду нафари бозмонда дар зекри овор низ аз Тоҷикистонанд.
Додситонии Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG