Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи сулҳи Нобел ба паноҳандаи пешин


Дар Осло, пойтахти Норвегия, расми тақдими Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Мартӣ Аҳтисаарӣ, президенти собиқи Финлонд ва миёнарави ҳалли чандин низоъи байнулмилалӣ баргузор гашт.

Аҳтисаарии 71-сола аз дасти раиси Кумитаи ҷоизаҳои Нобел Данболт Мйоес як миллиону дусад ҳазор доллар, медали тило ва санади барандаи Ҷоизаи сулҳро қабул кард. Ин ҷоизаи баланд ба ӯ барои нақши сулҳофаринияш дар шадидтарин муноқишаҳои ҷаҳон, назири Намибиё, Косово, Индунезӣ ва Ирлонди Шимолӣ дода шуд. Мартӣ Аҳтисаарӣ аз соли 1994 то соли 2000-ум раисиҷумҳури Финлонд буд ва даъватҳои сершумори бозинтихоб ба ин мақомро рад карда, созмони байнулмилалии низоъшиносӣ ва пажӯҳишгоҳи гуфтушунуди сулҳро таъсис дод.

Паёмҳои барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2008, Мартӣ Аҳтисаарӣ ҳангоми қабули ҷоиза, табъан паёмҳои сулҳ буданд ва ба мушкилтарин низоъи ҷаҳон -- Ховари Миёна рабт доштанд. Вай гуфт, ҳоло фурсати ҳалли ин низоъ расида ва ин муноқишаи дерина акнун эътибори тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар гарави худ гирифтааст. Аҳтисаарӣ изҳори умедворӣ кард, ки президенти нави Амрико, Барак Обама, сулҳи Ховари Миёнаро дар сархатти масъалаҳои аввалиндараҷааш қарор медиҳад ва аъзои Чаҳоргона -- Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Русия талошҳои худро амиқтар мекунанд. Аҳтисаарӣ гуфт, "дар дунё низоъе нест, ки ҳалшаванда набошад ва ба мушкили абадӣ табдил додани он омурзиш надорад. Агар мо ҳама якҷоя кор кунем, роҳи ҳаллро хоҳем ёфт. Мо набояд ягон баҳонаи соҳибқудратонро бипазирем. Сулҳ кори ирода аст."

Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел афзуд, ҳамаи динҳо дӯстдори сулҳанд ва метавонанд дар ҳалли низоъҳое монанди муноқишаи Ховари Миёна нақши созанда дошта бошанд.

Бешак, Аҳтисаарӣ, аз мавзеъи шахсе сӯҳбат кард, ки дар ҳалли муноқишаҳои печидае саҳм гирифтааст ва 30 соли умрашро ба гуфтушунидҳои сулҳ бахшидааст. Коршиносон барандаи нави ҷоизаи сулҳро дар як саф бо сулҳофаринони дигар, президентҳои собиқи Амрико, Теодор Рузвелт ва Ҷиммӣ Картер ва Дабири кулли СММ КА қарор додаанд, аммо бархе аз онҳо мегӯянд, талошҳои Аҳтиссарӣ ин тафовутро доштанд, ки ҳамеша бобарор будаанд.

Ҳамчун намояндаи вижаи Созмони Милал дар Намибиё дар соли 1990, Аҳтисаарӣ, ин кишварро аз зери султаи нажодпарастона Африқои Ҷанубӣ наҷот дод ва дояи истиқлолияти Намибиё шумурда мешавад. Дар соли 2005 ҷанги байни ИНдунезӣ ва вилояти Ачеи ин кишварро хомӯш кард, дар ҳоле ки ин низоъ 30 сол давом ёфта, 15 ҳазор нафар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Дар соли 2008 миёнаравии Аҳтисaарӣ байни сербҳо ва вилояти Косово бо истиқлолияти Косово ба поён расид.

Сирри сулҳофаринии Аҳтисаариро журналистоне, ки бо ӯ ҳамкорӣ кардаанд дар ду чиз дидаанд. Ҳамчун миёнарав вай дар ҳалли низоъҳо метавонист, нақшҳои гуногунро иҷро кунад, аз ронандаву ошпаз гирифта, то пизишку омӯзгор. Дувум, ҳамчун собиқ паноҳанда ва муҳоҷир, касе ки аз ҳамлаи нреӯҳои Русия ба Финлонд абадан аз зодгоҳаш маҳрум гшудааст, дарди инсонҳоро амиқ эҳсос мекунад.

XS
SM
MD
LG