Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳафт нафар бар асари як иштибоҳ


Дар вилояти Зобули Афғонистон низомиёни амрикоӣ иштибоҳан шаш корманди полис ва як сокини маҳаллиро ҳадафи тир қарор доданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмиллалӣ, амрикоиҳо баъди он сӯи гурӯҳи кормандони полис оташ кушоданд, ки мавриди тирборони онҳо қарор гирифтанд. Кормандони полиси маҳаллӣ низ, тавре ба назар мерасад, иштибоҳан сӯи низомиёни ИМА оташ кушодаанд – аз ин пеш онҳо бо гурӯҳи мусаллаҳе вориди даргирӣ шуда буданд, ки ба постгоҳ дар шаҳри Калот ҳамла карда буд. Дар ҷараёни ин бархурд як мухолифи ҳукумат кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG