Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Эъломияи Ҳуқуқи Башарро таҷлил мекунад


Имруз дар Тоҷикистон 60-умин солгарди тасвиби Эъломияи Ҳуқуқи Башарро имрӯз дар рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мекунанд.

Эъломияи Ҳуқуқи Башар аввалин санади байналмилалист, ки баробарҳуқуқӣ ва озодии тамоми инсонҳоро баъд аз таваллуд эътироф мекунад. Намояндагии Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 80 нафар ба шумули аъзои Маҷлиси Олӣ, намояндагони вазоратҳо, мақомот ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе ҷамъ меоянд, то дурнамо ва тавсияҳои марбут ба ҳуқуқи башар дар кишварро мавриди баҳс қарор диҳанд. Дар ин нишаст ҳамчунин масъалаҳои созмони Институти миллии масъули ҳуқуқи башар, дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ, ислоҳоти додгоҳи ҳуқуқии Тоҷикистон ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз суи Тоҷикистон роҷеъ ба ҳуқуқи башар баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG