Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии зидди ришвахорӣ


Рӯзи 9 декабр дар саросари ҷаҳон чун аз Рӯзи ҷаҳонии зидди ришвахорӣ ёд мекунанд.

Моҳи октябри соли 2003 Маҷмаъи умумии СММ бо тасвиби қатъномае 9-уми декабрро Рӯзи ҷаҳонии зидди ришвахорӣ эълон кард. Бо назардошти доманаи ришваву фасод ва ба манзури пешгирӣ аз он СММ конвенсия ё муқовиланомаеро низ ба тасвиб расондааст. Ҳукумати Тоҷикистон зери ин муқовиланома моҳи январи соли ҳолӣ имзо гузоштааст.

Ба муносибати ин рӯз, қарор аст, Трансперенсӣ Интернешнл гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ришвахориву фасод ба нашр расонад. Гузориши Трансперенсӣ Интернешнл 22 кишвари муҳими ҷаҳонро дар бар мегирад. 75 дарсади сармоягузориҳои хориҷӣ ва содироти коло дар ҷаҳон ба ҳамин кишварҳо тааллуқ дорад. Барои таҳияи ин гузориш ТИ, ки як созмони саросарии иҷтимоъист, дар 26 кишвар бо 3 ҳазор нафар соҳибкорони боломақом мусоҳибаҳои вижа анҷом додааст.

Соли ҷорӣ дар остонаи ин рӯз Антонио Марио Коста, раиси Оҷонси СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурму ҷиноёт гуфт, муқовиланомаи СММ метавонад дар бозорҳои молии ҷаҳон назму суботро таъмин кунад, агар бонкдорон ва раҳбарон ба муқаррароти ин муқовиланома эҳтиром гузоранд. Оқои Коста ҳушдор дод, ки дар кишварҳои пешрафта ришвахорӣ на танҳо ҷойҳои кориро аз байн мебарад ва тавлиди фаровардаҳоро коҳиш медиҳад, балки ёриҳо барои кишварҳои фақирро, ки барои рушди онҳо дар назар дошта шудааст, ба сирқат мебарад. Антонио Мариа Коста афзуд, агар ҳукуматҳо ва соҳибкорон муқовиланомаи зидди ришвахориро иҷро мекарданд, вай ин суханонро ба забон намеовард.

Нуктаи ҷолибе, ки дар остонаи рӯзи ҷаҳонии зидди ришвахорӣ ба назар мерасад, ин аст, ки раҳбарони чанд ширкати бузурги ҷаҳонӣ аз YouTube дархост кардаанд, ки ақидаҳои гуногуни мардумро дар бораи роҳҳои мубориза бо ришвахориву фасод гирдоварӣ кунад ва ба нашр расонад. Ин ширкатҳо гуфтаанд, ҳар сол беш аз як триллион доллар қурбони ришвахорӣ мешавад.

Имрӯз, дар бинои Оҷонсии мубориза зидди ришвахорӣ ва фасоди молии Тоҷикистон низ як конфронси матбуотӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG