Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тарҳрези эҳтимолии ҳамла ба Мумбай


Ба иттилоъи бархе аз расонаҳои Покистон, имрӯз тарҳрези эҳтимолии ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Мумбаи Ҳиндустон боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки Закиурраҳмон Лаҳвӣ ҳамроҳ бо дигар афроди мусаллаҳ дар як амалиёти вижаи нерӯҳои покистонӣ дар минтақаи Кашмири таҳти назорати Покистон ба даст уфтодааст. Пойгоҳе, ки амалиёт он ҷо доир гардид, ба гурӯҳи мамнӯъи “Лашкари Тайиба” тааллуқ дорад. Ва аммо ин иттилоъ аз сӯи Исломобод ҳанӯз расман таъйид нашудааст.

Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористон дар шаҳри Мумбай 10 мусаллаҳи гурӯҳи “Лашкари Тайиба” ширкат доштанд. Даргирӣ бо онҳо тақрибан 60 соат идома кард. 9 тан аз ҳамлагарон кушта ва як нафари онҳо боздошт шудааст.
Бар асари ҳаводиси Мумбай дар охирҳои моҳи гузашта беш аз 170 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG