Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон ба изҳороти Обама вокуниши манфӣ нишон дод


Теҳрон ба изҳороти раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА Барак Обама дар робита ба “сиёсати шадид” дар баробари Эрон вокуниши манфӣ нишон дод. Ахиран Обама дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC-и Амрико гуфт, ки барномаи ҳастаии Эрон ва таҳдидҳои Теҳрон ба Исроил барои маъмурияти ӯ “қобили қабул” нестанд . Ҳамзамон, ба гуфтаи Обама, дар баробари Эрон на фақат аз таҳримҳо бояд кор гирифт, балки ба ин кишвар ба ивази ҳамкориҳояш пешниҳодҳои муфид ҳам бояд ироа кард.

Дар посух ба ин гуфтаҳо вазорати умури хориҷаи Эрон эълом дошт, ки ин гуна сиёсати Амрико дар баробари кишвар муваффақ нахоҳад буд ва Теҳрон ҳеҷ гоҳ аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ даст намебардорад.

XS
SM
MD
LG