Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тоҷикон дар Екатеринбург идома дорад


Дар шаҳри Екатеринбурги Руссия аз тазоҳуроти эътирозии мҳоҷирони кории тоҷик ду ҳафта мегузарад. Фарух Мирзоев-раиси ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик бо номи "Сомон" гуфт, дархостҳои тазоҳуркунандагон тағир накардааст ва онҳо аз хостҳои худ ақибнишинӣ намекунанд. Оқои Мирзоев афзуд:


"Аксари муҳоҷирон мардуми тоҷиканд. Зиёда аз 40 туркман ҳаст, 2 қирғиз, 12-15 нафар мардуми серб, яъне югославӣ ҳастанд. Аксарияти онҳо аъзои раҳбарӣ доранд ва бисёрии ононе, ки дар зери назорати онҳо кор мекунанд, мардуми тоҷиканд".

Оқои Мирзоев афзуд, баъд аз гуфтушунуд бо ниҳодҳои расмии маҳаллӣ эҳтимол дорад рузи сешанбе ё чаҳоршанбе кордиҳандагон ба пардохти дастмузди муҳоҷирон шуруъ кунанд. Ба гуфтаи Фарух Мирзоев, шумораи тазоҳуркунандагон аслан 232 нафарро ташкил медиҳад ва кордиҳандагон аз онҳо бештар аз 10 милиён рубл қарздоранд.

XS
SM
MD
LG