Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳони ислом Иди Қурбон оғоз шудааст


Дар ин соъатҳо дар ҷаҳони ислом Иди Қурбон оғоз шудааст. Ин ид ҳар сол маъмулан баъд аз 70 рузи хатми рамазон шуруъ мешавад ва дар остонаи он имсол 2 милиён нафар мусулмонон дар Арабистони Саъудӣ фаризаи ҳаҷро адо мекунанд. Дируз ҳоҷиён ба куҳи Арафот баромаданд ва пас аз бозгашт ба шайтони рамзӣ санг заданд. Соли ҷорӣ мисли солҳои пеш дар ҷараёни зиёрат мушкилиҳое, аз қабили оташсузӣ, фуру рехтани меҳмонсарое ё задухурди пулиси маҳаллӣ бо тазоҳуркунандагон рух надодааст. Вазорати дохилаи Саъудӣ гуфтааст, имсол барои зиёрат 1 милиёну 730 ҳазор ба ин кишвар ворид шудаанд ва садҳо ҳазори дигар аз мардуми маҳаллӣ ба зоирон пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG