Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷуёни Теҳрон даст ба тазоҳурот заданд


Дируз дар Теҳрон дастикам 3 ҳазор нафар донишҷуёни ҳаводори дафтари Таҳкими Ваҳдат дар донишгоҳи Теҳрон даст ба тазоҳурот заданд ва шиъорҳи "Иттиҳод, Иттиҳод", "Донишҷу мемирад, зиллат намепазирад", "Марг бар диктотур" ва "Маҳмуди Аҳмадинежод омили таҳдиду фишор" сар доданд. Ба ин тартиб онҳо "Рузи донишҷу"-ро багузор карданд. Замоне, ки донишҷуёни дигар мехостанд дарвозаро боз кунанд ва ба донишҷуёни донишгоҳи Теҳрон бипайванданд, дарвозаҳои динишгоҳ шикаст. Донишҷуён ва устодони озодихоҳ аз Аҳмадинежод интиқод карданд, ки норозиёнро дар хобгоҳҳои донишгоҳӣ саркуб мекунад.

XS
SM
MD
LG