Пулиси Покистон мегӯяд, тундравон дар шимолуғарби ин кишвар 90 мошини боркаши ҳомили лавозимоти зарурӣ барои нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистонро оташ задаанд. Бештар аз 200 марди саропо мусаллаҳ ба терминали мошинҳои боркаш дар шаҳри Пешовар ҳамла карда ва дасти кам як нафарро куштаанд. Ҳамлаҳои шабеҳи Толибон дар ин маҳал дар ҳафтаҳои гузашта ин нигарониро барангехтааст, ки ин ҷангҷӯён мехоҳанд, як роҳи муҳими таъмини нерӯҳои НАТО ва Амрикоро аз тариқи гузаргоҳи Хайбар бубанданд.