Дидори кӯҳи Арафот яке аз рукнҳои маросими зиёрати хонаи Каъба аст. Бино ба сарчашмаҳои мазҳабӣ, маҳз дар назди кӯҳи Арафот бори нахуст Одаму Ҳаво – бобову момои ҳама инсонҳо пас аз ронда шудан аз биҳишт бо ҳам вохурдаанд.
Мақомоти Саудӣ мегӯянд, ки имсол барои ҳифзи низому тартибот ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни маросими тавофи Каъба 100 ҳазор маъмури амниятиро сафарбар кардаанд. Ҳамчунин барои бе дарҳаму барҳамиҳо гузаштани расми сангзании рамзи Иблис пойгоҳҳои нав ва амне бунёд кардаанд, ки мешавад дар ин навори видео онҳоро дид.
Embed
ба дигарон фиристед
The Hajj
Таҳияи Радиои Озодӣ
Embed
ба дигарон фиристед
Нусхабардорӣ шуд
URL нусхабардорӣ шуд
Феълан кор намекунад
Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, имсол бештар аз 5 ҳазор мусулмони кишвар барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саъудӣ рафтаанд.