Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи хунрезӣ дар зиндони Пули Чархӣ


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, қазияи муноқишаи посбонон ва зиндониён дар маҳбаси Пули Чархиро таҳқиқ мекунанд, ки дар ҷараёни он муноқиша, ҳашт зиндонӣ кушта шуд. Ҳудуди даҳ тан аз зиндониёни дигар ва се посбони маҳбас низ дар ҷараёни ин муноқиша, ки рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайвастааст, захм бардоштаанд. Низоъи миёни посбонон ва маҳбусон баъд аз ҷустуҷӯи зиндониён сар задааст, ки ба гуфтаи вазири адлияи Афғонистон Муҳаммадсарвар Дониш мехостаанд, бо умеди раҳоӣ аз зиндон бо гурӯҳҳои тундрав иртибот барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG