Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири гурҷӣ ду вазирро ба истеъфо фиристод


Сарвазири Гурҷистон вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии ин кишварро аз мансаб сабукдӯш кардааст. Григол Мгалобдишвилӣ, ки дар моҳи октябр ба вазифаи сарвазир таъйин шудааст, рӯзи ҷумъа дар пойтахти Гурҷистон бо рӯзноманигорон вохӯрда, хабари тағйирот дар ҳукуматро эълон кард.

Иқдоми мазкур дар паи танқиди амалкарди президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар ҷараёни ҷанг бо Русия қабул шудааст. Моҳи август нерӯҳои Гурҷистон саъй намуданд, минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро зери назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд, вале Русия ба ин минтақа нерӯ фиристода, сарбозони Гурҷистонро аз он ҷо ихроҷ намуд.
XS
SM
MD
LG