Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Афғонистону Покистон дар Туркия


Имрӯз дар Истанбули Туркия президентҳои Афғонистону Покистон мулоқот хоҳанд кард. Ин нишасти дуюми Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ аст, ки бо ҳадафи наздиктар намудани мавқеи ду кишвари ҳамсоя аз тарафи Туркия раҳандозӣ мешавад.

Моҳи апрели соли 2007-ум Карзай бо он замон раҳбари Покистон Парвиз Мушарраф дар Анкара вохӯрда буд. Ду раҳбар ӯҳдадор шуда буданд, ки муқовимат ба Толибонро таҳким мебахшанд. Афғонистон Покистонро бо он муттаҳам мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои фаромарзии Толибон ба қадри кофӣ қиём накардааст. Покистон ин айбномаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG