Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз боздиди Э. Раҳмон аз Харкови Укроин идома меёбад


Имруз боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Укроин идома меёбад. Вай дар шаҳри Харков аз корхонаи мошинсозии "Турбоатом" боздид мекунад. Тибқи тавофуқоти мавҷудаи миёни ин ду кишвар корхонаи "Турбоатом" таъмини қисмати аслии таҷҳизот ва чархаҳои тавлиди барқи ниругоҳҳои Тоҷикистонро бар уҳда гирифтааст. Дируз баъд аз мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин дар Киев ҳайатҳои ҳар ду ҷониб шаш санади ҳамкорӣ имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ба рузноманиигорон гуфт, барномаи баландмуддати ҳамкориҳои дуҷониба то соли 2012-ро дар бар мегирад ва дар он бахши гидроэнергетика мавқеъи хос дорад. Ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар дар ҳоли густариш аст. Соли ҷорӣ табодули коло миёни Укроин ва Тоҷикистон то кунун ба 100 милиён доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG