Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба Тоҷикистон дар бунёди нирӯгоҳҳо кӯмак мекунад


Украина бо навсозии таҷҳизоту дастгоҳҳои нирӯгоҳҳои Тоҷикистон машғул хоҳад шуд. Имрӯз дар ин замина раиси ҷумҳуриҳои Украина ва Тоҷикистон - Виктор Юшенко ва Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқе даст ёфтанд. Дар ҷараёни сафари расмии оқои Раҳмон ба Киев шаш санад имзо шуд, ки ҳамкориҳои ду кишварро дар риштаи ҷаҳонгардӣ, фарҳангу ҳунар, варзиш, кишоварзӣ, табодули илмии миёни Донишгоҳи миллии ба номи Т. Шевченкои шаҳри Киев ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар мегирад. Инчунин раҳбарони ду кишвар зери як барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо гузоштанд. Дар паи ин маросим раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон дар шаҳри Киев бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқоти имрӯзааш гуфт:

"Дар миёни санадҳои имрӯз имзошуда мехоҳам махсусан қабули Барномаи байнидавлатии дарозмуддати иқтисодиро таъкид кунам, ки ҳамкориҳои моро соли 2012 дар назар мегирад. Ин нақша ба иҷроиши тадбирҳои мушаххас равона шудааст, ки ҳамкориҳои моро сифатан нав хоҳад кард ва ин чиз дар тиҷорати дуҷонибаи кишварҳо асари мусбат хоҳад гузошт. Ба ҳайси яке аз самтҳои пурмаҳсули ҳамкорӣ дар оянда риштаи гидроэнергетика муқаррар шуд, ки дар чаҳорчӯби он мо чанд тарҳи мушаххасро баррасӣ кардем".

Рӯзи ҷумъа, 5 декабр ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Харков барои ошноӣ бо кори корхонаи "Турбоатом", ки ҳамкори муҳими нирӯгоҳҳои обии Тоҷикистон маҳсуб шуда, тибқи ҳисобҳои мутахассисон беш аз 88 % дастгоҳҳову турбинаҳои нирӯгоҳҳои Тоҷикистонро бунёд мекунад, парвоз хоҳад кард. Виктор Юшенко гуфт, ки "Украина дар сохтмон ва ироаи турбинаҳои нав ва дигар дастгоҳҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон манфиатдор аст". Вай гуфт, ки Украина омода аст дар навсозии нирӯгоҳи Роғун низ ширкат кунад, ки дар он аллакай 2 турбинаи сохти Украина насб шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, мизони табодули молу коло миёни Украинаву Тоҷикистон дар ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ шуда, имсол, баъди боздиди Виктор Юшенко аз Тоҷикистон, назар ба соли гузашта то 60 % афзоиш пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG