Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гирдиҳамоии мардикорони тоҷикистонӣ


Баҳси муҳоҷирони кории тоҷик кордиҳандаашон дар Екатеринбурги Русия ҳамоно идома дорад.

Тавре намояндагони муҳоҷирон мегӯянд, ширкати кордиҳанда созише пешниҳод кард, вале он қобили қабули муҳоҷирони коршикан набудааст. Яке аз пешвоёни ҷамоаи муҳоҷирони тоҷики муқими вилояти Свердловски Русия, раиси созмони "Дидор" Хушвақт Ҳайдаров шоми сеюми декабр баъд аз зиёрати сохтмон дар маркази шаҳри Екатеринбург бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд. Хушвақт гуфт, ширкат пешниҳод кардааст, ки ба ҳар коргари коршикан чор ҳазор рублӣ диҳаду бо ҳамин баҳс ба анҷом расад, вале муҳоҷирони тоҷик ин пешниҳодро рад мекунанд, зеро онҳо кори баробар бештарро иҷро кардаанд.

Эътирози муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар сохтмони бинои бисёрошёнаи маркази шаҳри Екатеринбург ҷумъаи 28-уми ноябр оғоз ёфта буд. Тахминан 300 муҳоҷири кории тоҷикистонӣ аз тарки майдончаи сохтмонӣ худдорӣ намуда, талаб карданд, ки ибтидо маоши чормоҳаи онҳо пардохт шавад.

Ширкати "Алфа строй", ки сохтмони биноро бар ӯҳда дорад, дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарии Русия гуфт, ки фармоишгари сохтмон: ширкати "СКА" пули кори дар моҳҳои сентябр ва октябр иҷрошударо пардохт накардааст. Ҳамчунон расонаҳои русӣ менависанд, муассиси ширкати "СКА" корхонаест, бо номи "Малишев-73", ки қароргоҳаш дар шаҳри Екатеринбург мебошад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ёвари раҳбари "Малишев-73", хонуме бо номи Светлана гуфт, ки ҳоло дар бораи ҳалли қазияи муҳоҷирон чизе гуфта наметавонад.

Мақомоти вилояти Свердловски Русия мегӯянд, бастани шартномаҳои номуносиб ва зидди манфиати муҳоҷирон дар ин гӯшаи Русия чизи нав нест, вале одатан муҳоҷирон хомӯширо ихтиёр намуда, аз роҳи қонунӣ дар паи ҳифзи манфиати худ намешаванд. Аз сӯе ҳам, Максим Ведерников, муовини раиси бахши бехатарии кор дар вилояти Сведловск ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ аксаран забони русиро хуб намефаҳманд ва шартномаҳои кориро бидуни қироати муфассал имзо мекунанд. Андрей Ветлужских, раиси Иттиҳоди касабаи вилояти Сведловск мегӯяд, дар бораи коршикании муҳоҷирони тоҷикистонӣ маъмулоти зиёд надорад, вале ҳайъати онҳо тасмим гирифтааст, то ба майдони сохтмон рафта, аз наздик бо вазъият ошно шавад.

Ба қавли коршиносон, дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ аз эҳтимол дур нест, ки вазъи ширкатҳо ногувор ва мутобиқ бо он хавфи эътирозҳои коргарон ва аз ҷумла муҳоҷирон бештар шавад.

XS
SM
MD
LG