Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Бан Ки-мун дар Рӯзи ҷаҳонии маълулон


Ҳамоиши маълулон дар Маскав
Ҳамоиши маълулон дар Маскав

Имрӯз, 3-вуми декабр, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо як паём ба кишварҳои сайёра муроҷиъат кард.

Соли ҷорӣ, омадааст дар ин паём, мо Рӯзи байнулмилалии маълулонро расо як ҳафта қабл аз 60-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қайд мекунем: «Дар доираи СММ ин ду санаи муҳим таҳти шиъори «Шаъну адолат барои ҳамаи мо" қайд карда мешаванд».

Дар идомаи паём омадааст: «Соли равон мо ба бисёр чизҳо даст ёфтем. Ва гардиши куллӣ қабули Эъломияи ҳуқуқи маълулон дар моҳи май гардид».

Маҷмаъаи кулл мутазаккир шудааст, омадаааст дар паём, ки барои дастёбӣ ба аҳдоф дар соҳаи рушди дар Эъломияи ҳазора омада мо бояд худи маълулонро ба тамоми равандҳо ҷалб намоем. Ва чун 80 дарсади маълулон (беш аз 400 миллион одам) дар кишварҳои фақир ба сар мебаранд, моро зарур аст, ки фаъъолтар амал кунем, то фақириву маълулиро барҳам диҳем.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи байнулмилалии маълулон бо шиъори «Ҳалли масоъили марбути мо – танҳо бо иштироки худи мо» амал мекунад. Ончунон ки як маълул аз Свазиленд, ки кӯшиш дорад дар кишвари худ сиёсати мувофиқ бо манофеъи маълулон роҳандозӣ шавад, мегӯяд «моро якпорчагиву эътилоф лозим аст, то ба мо бо ангушт ишора накунанд».

Дар поёни паём Дабири кулли СММ оқои Бан Ки-мун менаваисад: «Вобаста ба ин ман давлатҳо ва ҳама тарафҳои манфиъатдорро бо исрор даъват мекунам, томаълулону ташкилонтҳои онҳо қисмҳои ҷудонашавандаи ҳама равандҳои рушд гарданд. Ҳамин тариқ мо метавонем ба якпорчагии ҳама аъзои ҷомиъа мусоъидат намоем ва ба эшон барои беҳбуд бахшидани ояндаи нектар роҳ кушоем».

XS
SM
MD
LG