Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад


Кишварҳои узви паймони низомии НАТО беш аз ҳар вақти дигар дар мавриди боз кардани дари ин созмон ба рӯи Укроину Гурҷистон ихтилофоти назар доранд.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв, ки имрӯз дар шаҳри Брюссел гирди ҳам меоянд, масъалаи пазируфтани ин ду кишвар ба Барномаи кор барои пайвастан ба НАТО- ро баррасӣ мекунанд ва дар замоне, ки ҳанӯз ҳам ҷанги ахири Русияву Гурҷистон дар зеҳнашон бармекашанд.

Ҳашт моҳ пештар дар нишасти НАТО дар шаҳри Бухарест, сарони кишварҳои узв тасмими сахти пазируфтани Гурҷистону Украина ба Барномаи Кори Узвият ба созмонро ба таъхир андохтанд.

Аммо имрӯз ҳам аъзои НАТО дар ин масъала ба созиш наздиктар нестанд ва интизор меравад, ҳамон кори ҳашт моҳи пешашонро такрор намоянд. Дар нишасти дурӯза дар шаҳри Брюссел масъалаи аслӣ расман боз кардан ва ё накардани дари НАТО ба рӯи Гурҷистону Украин аст, ки муштоқи вуруд ба ин созмон ҳастанд.

Амрикову Бритониё ва кишварҳои узви нави НАТО ба мисли Лаҳистону Ҷумҳурии Чех ва кишварҳои соҳили Балтик тарафдоранд, ки роҳи Украинаву Гурҷистон барои вуруд ба НАТО ҳамвор карда шавад. Чизе, ки Фаронсаву Олмон онро намехоҳанд. Зеро мегӯянд ин ду кишвар чунин тасмим, беҷиҳат сабаби мухолифати Русия бо кишварҳои ғарбӣ мешавад, чаро ки Маскав Украинаву Гурҷистон дар гузашта шӯравиро минтақаи нуфузи худ медонад.

Евгениус Смолар, мудири Маркази таҳқиқи муносиботи байнулмилалӣ дар шаҳри Варшава, мегӯяд, ҷанги панҷрӯзаи Русияву Гурҷистон барои Осетияи Ҷанубӣ, ихтилофоти назар дар дохили НАТО-ро амиқтар ва шанси Гурҷистон барои пазируфтан ба барномаи кори созмонро камтар кардааст.

Ҷанги Гурҷистон аз назари бисёре аз кишварҳои узви НАТО на танҳо намунаи таҷовузи Русия буд, ки ҳаст. Ин ҳамчунин намунаи рафтори бемасъулиятонаи раҳбарони феълии Гурҷистон буд. Аз ин сабаб бисёре аз аъзои НАТО на танҳо Фаронсаву Олмон мегӯянд, ки онҳо аз назари сиёсӣ омода нестанд, кишварҳоеро дифоъ намоянд, ки чунин рафтор мекунанд.

Украина, ки дар панҷаи бӯҳрони сиёсии дохилӣ аст ва аксарияти мардумаш низ намехоҳанд, кишварашон узви НАТО бошад, дар нишасти Брюссел ҳаққи пайвастан ба Барномаи кор ҷиҳати узвият ба он созмонро нахоҳад гирифт. Тарас Чорновил - муовини раиси кумитаи умури робитаҳои хориҷии Украина мегӯяд, бӯҳрони сиёсии дохилии омехта бо фишори Русия ба талоши кишвараш ҷиҳати пайвастан ба НАТО латма задааст.

Бо шарофати ҷидду ҷаҳдҳо, бахусус, ҷидду ҷаҳдҳои дохилӣ дар Украина, ба вижа ҷанҷолҳои шохаҳои қудрат, талошҳои берунаи Русия ва маҳорати лоббигарии он дар дохили кишварҳои узви НАТО, тасмими пазируфтани Украина ба барномаи кор ва ба узвияти НАТО ба замони номаълум ба таъхир андохта шуд.

Дар нишасти сарони НАТО дар моҳи апрел, сарони кишварҳои узв замони пазируфтани Украинаву Гурҷистон ба барномаи кори созмонро ба таъхир андохтанд, вале гуфтанд, ин ду кишвар дар ниҳоят узви паймон хоҳанд шуд. Бо огаҳӣ аз он ки кишварҳои дигари узв мухолифат хоҳанд кард, Амрико дар нишасти дурӯзаи Брюссел пешниҳод карданист, то бар асоси барномаи ҳамкории дигаре Гурҷистону Украина ба НАТО наздиктар карда шаванд.

Ин барнома ислоҳоти ҷузъии сиёсӣ ва низомӣ дар ҳар ду кишварро дар назар дорад, ки танҳо баъд аз анҷоми он Гурҷистону Украина метавонанд ба НАТО пайванданд. Аммо ҳеҷ замони муайяне барои пазируфтани ҳарду кишвар дар он барнома зикр нашудааст. Ҳарчанд таъхир дар масъалаи пазируфтани Украинаву Гурҷистонро Русия ақибнишинии НАТО медонад, аммо мақомоти Амрико гуфтаанд, ки сиёсати ин кишвар дар қиболи он ду кишвар бетағйир мемонад, ки онҳам дидани Украинаву Гурҷистон дар сафи кишварҳои узви НАТО мебошад.

XS
SM
MD
LG