Ахиран, Додгоҳ сарвазирро аз ҳаққи ширкат дар умури сиёсат дар панҷ соли оянда маҳрум ва ҳизби ҳукмрон – Ҳизби қудрати мардумиро пароканда кард.
Эътилофи иборат аз ин ҳизб ва ва ду ҳизби ҳампаймонаш аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосӣ дар тақаллуби натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар як соли пеш муттаҳам мешавад. Се моҳ қабл Комиссиюни марказии интихоботии Таиланд низ тақаллуби натоиҷи интихобот аз сӯи Ҳизби қудрати мардумиро эътироф намуда, хостори пароканда кардани он шуда буд.
Зимнан, сарвазир Сомчай Вонгсават – домоди сарвазири пешини Таиланд Таксин Чинават аст, ки ду сол пеш бар асари кудатои низомӣ аз маснад барканор ва аз сӯи додгоҳ дар ришвату фасод муттаҳам шуда буд. Вонгсават ҳамагӣ се моҳ қабл раёсати ҳукумати Таиландро бар дӯш гирифт.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд раҳбарони ҳизби ҳукмрон ба хотири ҳифзи назорат аз болои порлумон ва ҳукумат ҳизби нав таъсис кунанд.
Ба думболи ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ раҳбарони мухолифин изҳор намуданд, ки аз муҳосираи фуругоҳҳои пойтахт - шаҳри Бангкок даст мебардоранд. Шурӯъ аз рӯзи 4 декабр ин фурудгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳи байнулмилалии Суварнабумӣ бо низоми пешин фаъолият хоҳанд кард. Тайи як ҳафта эътирозгарон ин фурудгоҳро забт карда буданд ва бар асари ин дасти кам 240 ҳазор хориҷиён аз имкони сари вақт ба ватан баргаштан маҳрум монданд. Тазоҳургарон фурудгоҳи Дон Муангро, ки фақат барои парвозҳо дар масирҳои маҳаллӣ бунёд шудааст, низ муҳосира карда буданд.
Як рӯз пеш маҳз дар ҳамин фурудгоҳ таркиш рух дод, ки бар асари он яке аз фаъолони мухолифин кушта шуда, 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи телевизиони Таиланд, афроди ношинос сӯи фурудгоҳ аз гранатомёт гулула андохтанд, ки он ба яке аз тирезаҳои фурудгоҳ бархурд ва гулулапораҳо болои эътирозгарон рехтанд. Ёдовар мешавем, се рӯз пеш бар асари инфиҷорҳо дар Бангкок - дар назди қароргоҳи сарвазир, дар канори студияи телевизион ва дар фурудгоҳ тақрибан 50 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
Баъд аз ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ эътирозгарон бинои асосии ҳукуматро, ки тақрибан се моҳ боз таҳти назораташон буд, тарк намуданд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳукми Додгоҳро ҳанӯз пирӯзии комил намехонанд. Яке аз эътирозгарон мегӯяд, “мо фақат қисман пирӯз шудаем. Бояд интизор шавем ва бубинем, ки фардо чӣ рух медиҳад.» Дигар аз эътирозгарон низ бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст: “То замоне, ки ҳукумати ғамхори мардум ташкил нашавад, мо пирӯз нахоҳем буд”.
Зимнан, дирӯз сарвазир Сомчай Вонгсават изҳор карда буд, ки ба истеъфо рафтанӣ нест. Ӯ талаби пароканда кардани порлумони Таиландро низ рад карда буд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, намоишҳои эътирозӣ ба иқтисоди Таиланд ба маблағи миллиардҳо доллар хисорот ворид кардааст. Моҳҳои ахир теъдоди сайёҳон дар фароғатгоҳҳои Таиланд коҳиш ёфт ва ин дар ҳолест, ки ҷаҳонгардӣ аз бахшҳои аслии даромади буҷаи ин кишвари Осиёи ҷанубу шарқӣ маҳсуб мешавад.
Рафик рахмонов бас будагист.тули 28 сол дар кишвар хеч чои горатнашуда намонд.хама сохторхои давлати аз рахмонов норозианд. Онхо низ мунтазири халк хастанд. Насиб бошад хамин сол халки чабрдидаи точик дигаргунихоро мебинад
Агар ин занон пулу маблаг надоранд,чи гуна рохи бизнесро ёд гиранд?Пул медоштанд,бе омузиши биснес хам рохи бизнесро меёфтанд.
Ҳами машқ куно кушоду возеъ нишон додестиян ки ҳе халқ шумо кай ҳуқуқи худро талаб мекунен нашид худшон бромадиян майдон озодона нишон додестиян ки ёд гирен
Аз хама Военкомати Порахурхо дар чумхури. Н А Чоми мебошад. Як пропоршик. Бо тайота мегарда бокимондахош. Киа спартак. Мерсадес бенс. Сечка медонед даромадхои ин аз кучо. 10 нафар корша дар як сезон буд мекардан. Аз 7 хазор то 10 хазор сомон мегирфтан. Дар як сезон як коргари оди военкомат Аз. 70 то 100 хазор сомон кор мекардан. Райони бесохибхо факат корхояшон Аблавкуни ба кучо халк намедона даъво кунад
Рахмонуф пир шид бигзор бмона халк тинч зиндаги кна.хамачия манаполия кадай оилашкати.уже безор шидем ай рахмонуф.рахмонуф пенса брав илтимос