Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар назди қароргоҳи ҳизби ҳокими Туркия


Шабакаҳои телевизиони Туркия иттилоъ доданд, ки бар асари таркиши бомба дар беруни қароргоҳи ҳизби ҳокими "Адолат ва Тараққиёт" дасти кам шаш нафар ҷароҳат бардоштанд. Бовар меравад, ки чанд нафар аз захмиҳо ходимони полис буданд. Таркиш дар маҳаллаи марказии Бейоғлуи Истанбул рух дод. Феълан ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти таркиши имрӯзаро ба дӯш нагирифтааст. Дар гузашта ҳамлаҳои маргборро дар Туркия ҷангиёни ҷудоихоҳи курдӣ ва гурӯҳҳои тундрави исломӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG