Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW пешравиҳои Қазоқистонро "сатҳӣ" унвон кард


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch гуфт, ки Қазоқистон ба хотири тавҷеҳи раҳбарии худ дар САҲА дар соли 2010 чанд қадами "зоҳирӣ" ба самти демократия гузоштааст. Дар гузориши тозанашри Human Rights Watch, мақарраш дар Ню-Йорк дар ин замина гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон ҳамоно кӯтаҳиҳову мушкилоти ҳалношуда дар заминаи ҳуқуқи башар вуҷуд дорад ва ин пеш аз ҳама ба фишор болои матбуот ва гурӯҳҳои хурди мазҳабӣ ва монеаҳо дар баргузории ҳамоишу эътирозҳои ҷамъиятӣ иртибот мегирад. Моҳи ноябр Остона як қатор тағйироту иловаҳоро дар қонунҳои интихобот, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳо ворид карда гуфт, ки ин тағйирот мутобиқи талаботи САҲА анҷом шудааст.
XS
SM
MD
LG