Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс аз Покистон тақозои ҳамкорӣ бо Ҳинд кард


Вазири хориҷаи ИМА Кандализа Райс имрӯз аз Покистон тақозо кард, ки дар таҳқиқи қазияи ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи Мумбай, ки мунҷар ба марги беш аз 170 нафар шудааст, бо Ҳинд ҳамкории "комил" ва "шаффофияти тамом" намоиш диҳад. Хонум Райс дар ин бора бо хабарнигорон, қабл аз сафар ба Лондон сӯҳбат мекард. Кохи Сафед мегӯяд, ки Райс дар назар дорад, ки баъди нишасти НАТО дар Бруссел рӯзи чоршанбе ба Деҳлии Нав сафар кунад.
XS
SM
MD
LG