Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зюганов боз раҳбари коммунистҳои рус интихоб шуд


Геннадий Зюганов-раиси Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Русия бори дигар рузи якшанбе дар конграи солонаи ҳизб дар Маскав раиси ин ҳизб интихоб шуд. Вай аз соли 1993 то ҳол ин мақомро бар уҳда дорад. Рузи шанбе вай зимни суханонаш дар корграи ҳизбаш изҳор дошт, ки буҳрони сартосарии молӣ ба ҳизби вай имкон медиҳад, ки он дубора дар Русия бар сари қудрат баргардад. Зюганов дар чанд интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 1996, 2000 ва 2008 худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ кард, вале шикаст хурд.
XS
SM
MD
LG