Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилаи Ҳинд ба истеъфо рафт


Вазири умури дохилаи Ҳиндустон Шиврай Патил ба истеъфо рафт. Ӯ изҳор намуд, ки “масъулияти маънавӣ” барои ҳалокати теъдоди бузурги одамон бар асари ҳамлаи гурӯҳи тундравҳо ба шаҳри Мумбайро бояд бар дӯш бигирад. Вазорати умури дохила барои он мавриди танқид ва сарзаниш қарор дорад, ки аз ин ҳамла ҷилавгирӣ накард ва афроди мусаллаҳ бидуни мушкил вориди шаҳр шуданд.
Ба иттилоъи расмӣ, дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористон ҳамагӣ 10 фарди мусаллаҳ ширкат карданд. Даргирӣ бо онҳо тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта ва як нафари онҳо боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи ахир, бар асари ҳамла ба Мумбай 174 кас ба ҳалокат расидаанд. Қаблан мақомот теъдоди қурбониёнро 195 нафар эълон карда буданд. Дар ин ҳаводис ҳамчунин садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Имрӯз Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ҳамла ба Мумбайро маҳкум кард ва изҳор намуд, ки кишвараш барои кумак дар таҳқиқи ин ҳодиса омода аст. Ҳамзамон ӯ аз Деҳлӣ хост, ки аз иттиҳомоти бидуни далел дар мавриди даст доштани Исломобод дар ин ҳамлаи террористӣ худдорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG