Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи президент Буш аз тасвиби созиши Амрико ва Ироқ


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш, аз тавсиб шудани паймони амниятии Амрико ва Ироқ дар порлумони Ироқ истиқбол кард. Тибқи ин паймон нерӯҳои Амрико то поёни соли 2011 Ироқро тарк хоҳанд кард. Буш дар изҳороти катбие гуфтааст, раъйдиҳи порлумони Ироқ рушди мардумсолорӣ дар Ироқ ва афзоиши тавони таъмини амният аз тарафи нерӯҳои худи онро нишон медиҳад. Дирӯз 144 вакили порлумои иборат аз 275 узв ба тарафдорӣ аз паймони амниятии Амрико ва Ироқ овоз доданд. Сухангӯи ҳукумати Ироқ ин ҳодисаро як дастоварди миллӣ ва оғози марҳилаи худидораи ироқиҳо номид.
XS
SM
MD
LG