Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван


Вазири дифоъи Русия, Анатолий Сердюков, гуфтааст, давлатҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ бояд ба таҳкими чораҳои амнияти умумӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кунанд. Вай афзуд, ин масъала дар нишасти кишварҳои узв имрӯз дар Еревон, пойтахти Арманистон баррасӣ хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳамчунин дар ин нишаст барномаи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узв то соли 2014 баҳс хоҳад шуд. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд.
XS
SM
MD
LG