Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои қарордодҳои ҳамкорӣ миёни Русияву Венесуэла


Русия розӣ шуд, ба Венесуэла дар амри пешбурди барномаҳои мусолиматомези ҳастаияш ёрӣ расонад. Ин қарордод дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Венесуэла имзо шуд. Ду кишвар ҳамчунин ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳоти нафту газ ва саноат тавофуқ карданд. Медведев қаблан дар Бразил эълон кард, ки сарони Русияву Бразил ва Чину Ҳинд ба хотири таҳияи қоидаҳои нав барои иқтисоди ҷаҳонӣ ташкили як нишасти хос хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG