Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Пойинтарин нуқтаи ҳассосияти иқтисоди Аврупо

Нишондиҳандаи ҳассосияти иқтисодии кишварҳои минтақаи евро дар моҳи ноябр назар ба моҳи қаблӣ боз 5 нуқтаи дигар пойин омада, ба 74,9 баробар шудааст. Ин пойинтарин нуқтаи ин нишондиҳанда аз моҳи августи соли 1993 ба ин сӯ будааст. Ин дар ҳолест, ки Кумиссиюни Аврупо рӯзи чоршанбе ба хотири кӯмак ба иқтисоди бӯҳронзадаи қора боз 200 миллиард доллари дигар ҷудо кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҷамшед Носириро аз мақомаш дар Бадахшон рондаанд

Акс аз бойгонӣ

Як додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Бадахшонро аз мақом барканор кардаанд.

Ҷамшед Носирӣ ба "кирдоре" муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин маврид рӯзи 6-уми июл нашр шуд, вале тафсилоташ дастрас нест. Назари худи ӯ ва ё афроди наздикаш низ маълум нест.

Ҷамшед Носирӣ моҳи ноябри соли 2021 додраси Додгоҳи иқтисодии ВМКБ таъин шуд. Аз он пеш дар Додгоҳи иқтисодии Суғд кор мекард.

Дар даҳ соли охир дастикам сӣ додрасро бо айби "паст задани шаъну этибори судя" аз кор рондаанд. Баъзе аз ин додрасҳо ба гуноҳи ришваситонӣ маҳкум шуданд.

Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, маоши ками додрасҳо дар Тоҷикистон заминаро "барои коррупсия фароҳам мекунад".

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Мақомот Додгоҳро як шохаи мустақил медонанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, "фаромӯш накунед"

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дастгиршудаи тоҷик, бо ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ вохӯрдааст. Муборак, ҳамсари ӯ, рӯзи 6-уми июл ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди муроҷиати батакрор иҷоза додаанд, як соат бо ҳам гап зананд.

Ба нақли ӯ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ бовар дорад, ки озодаш мекунанд. Вай аз наздикону дӯстон хостааст, фаромӯшаш накунанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамроҳи рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар бораи мушкилоти иҷтимоии сокинон дар Ютуб гузориш медоданд. Ҳарду пас аз нашри гузориш дар бораи тахриби хонаҳо дар як маҳаллаи Душанбе зери фишор қарор гирифтанд.

Далери Имомалиро ба иттиҳоми "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "расонидани хабари дурӯғ" ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба зӯроварӣ ба корманди милиса рӯзи 15-уми июн дастгир кардаанд.

Пайвандонашон иттиҳомҳоро беасос ва раҳоии онҳоро хостаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии хабарнигорон низ аз мақомот хостанд, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро оғоз кунанд.

"Гумонбарон"-ро аз Қароқалпоқистон ба вилоятҳои дигар бурдаанд

Шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон

Як қисми гумонбарон дар рӯйдодҳои Қарақалпоқистони Узбекистон, ки рӯзҳои 1 ва 2-юми июл рух доданд, дар боздоштгоҳи муваққатии вилоятҳои Хоразм ва Бухорои он кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

“Онҳое, ки ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд, дар худи Қарақалпоқистон нигаҳдорӣ мешаванд”, - иттилоъ дод як хабарнигори маҳаллӣ бо истинод ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон.

Сухангӯи Горди миллии Узбекистон Даврон Ҷумъаназаров 4-уми июл хабар дода буд, ки дар ҷараёни эътирозҳо дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон 516 кас дастгир шудааст.

Қаблан Додситонии кулли Узбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба эътирозҳои Нуқус бар асоси банди “Сӯиқасд ба сохти конститутсионии кишвар” парванда кушодаанд.

Созмони Amnesty International рӯзи 5-уми июл гуфт, мақомоти Узбекистон бояд фавран шарҳ диҳанд, ки дар Нуқус чӣ рӯй дод ва ҳамчунин аз Тошканд хостааст, истифода аз нерӯ ба зидди эътирозгарон дар Қароқалпоқистон беғараз, воқеъбинонаву ҳамаҷониба тафтиш ва мурофиаҳо одилона баргузор карда шавад.

Сӯхтор дар бозори "Дордой". 42 контейнер ба коми оташ рафт

Бозори машҳури "Дордой

Дар сӯхторе, ки рӯзи 5-уми июл дар бозори "Дордой"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон сар зад, ду кас осеб дидааст.

Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, ин ду нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, дар бемористон хобидаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар сӯхтор 42 контейнери тиҷоратӣ бо либос ва 9 макони фурӯши хӯрок, нӯшиданиҳо ва амсоли он ба коми оташ рафтааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, масоҳати умумии сӯхтор 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои пешакӣ, сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши хӯрокворӣ сар зада, баъдан ба макони либосфурӯшӣ гузаштааст.

"Дордой" яке аз калонтарин бозорҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар он ҳудуди 100 ҳазор нафар кор мекунад. Дар гузашта тоҷирони тоҷик низ бахше аз борҳои худро аз онҷо мегирифтанд.

навшуда

Эълони барканории Саидаҳмадзода баъди як ҳафтаи боздошт. ВИДЕО

Рустам Саидаҳмадзода

Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъди як ҳафтаи боздошт расман аз мансаб барканор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июл дар фармоне сабаби тасмимро "кирдоре" номидааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Мақомот шарҳ надодаанд, ки асли қазия чист.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

Чаро додраси тоҷик ва котибаашро боздошт карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард.

Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

"Ҷиноятҳои Нурсултон". Боздошти мухолифони президенти собиқ

Алмато, 6-уми июли 2022

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон ҷонибдорони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии ин кишварро, ки 6-уми июл дар назди муҷассамаи Абай гирди ҳам омада буданд, дастгир карда, ба самти номаълум бурдааст.

Беш аз даҳ ҷонибдори ҳизби мазкур дар даст лавҳа дар назди муҷассамаи Абай ҷамъ шуданд.

Дар лавҳаҳои эътирозгарон "Жанаозен 2011, Кантар 2022", "Забони қазоқӣ", "Додгоҳ, пулис ва додситонӣ", "Иқтисод", "Илм", "Маориф", "Тандурустӣ", "Замонбек Нуркадилов", "Олтинбек Сарсенбайулӣ", "Арон Отабек", "Давлат Агадил" ва "Озодӣ ба Ҷонболат Мамай" навишта шуда буд.

"Арон Отабекро 15 сол дар зиндон нигаҳ дошта, куштанд. Давлат Агадилро куштанд. Дар Жанаозен ва ҳодисаҳои моҳи январ тирпарониро ташкил кард, вале ба ягонтои ин ҷиноятҳо посух нагуфт. Ӯ бояд посух диҳад", - изҳор дошт ҳамсари Мамай Инга Имонбой.

Ҳамоиши эътирозӣ ҳамагӣ беш аз даҳ дақиқа идома кард ва маъмурони пулис дар аввал аз таҷаммуъгарон хостанд, ки пароканда шаванд, вале онҳо напазируфтанд.

Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки 6-уми июл таҳти унвони "Ҷиноятҳои Нурсултон Назарбоев" ҳамоиши эътирозӣ баргузор мекунад.

Манораи Эйфел дар Фаронса занг бастааст

Манораи "Эйфел"

Манораи "Эйфел" дар шаҳри Порис (Париж) занг баста, ба таъмири куллӣ ниёз дорад, аммо онро ба ҷои таъмир дар арафаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 танҳо ранг хоҳанд кард.

Дар ин бора маҷаллаи фаронсавии "Marianne" бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Бар асоси иттилои махфие, ки маҷалла ба даст овардааст, нуқсҳо ва занг дар бурҷи "Эйфел" ҳанӯз дар соли 2014 ошкор шуда буданд. Дар соли 2016 дар манора 884 нуқс сабт шуда буд, ки "ба устувории сохтори он хатар эҷод мекунанд".

"Агар муҳандиси манора Густав Эйфел ба ин макон меомад, сактаи қалбӣ мешуд," -- гуфт яке аз кормандони бурҷ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард.

Ҳоло манора барои бори бистум бо мақсади омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис рангубор мешавад. Арзиши ин рангубор 60 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ҳар сол на камтар аз 7 миллион нафар аз саросари ҷаҳон ба тамошои ин манора меоянд. Он 324 метр баландӣ дорад.

СММ ва Амрико таҳқиқи одилонаи рӯйдодҳои Қарақалпоқистонро хостанд

Нуқус, маркази Қароқалпоқистон

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ва мақомоти Амрико хоҳони таҳқиқи мустақилонаи ҳалокати камаш 18 нафар дар эътирозҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон шуданд.

Бачелет рӯзи 5-уми июл дар баёнияе гуфт: "Гузоришҳое, ки дар бораи хушунатҳои ҷиддӣ дар ҷараёни тазоҳурот, аз ҷумла куштор, ба даст овардем, хеле ташвишоваранд. Аз мақомот даъват мекунам, хештандории бештар нишон диҳанд."

Вай ҳамзамон аз мақомоти Узбекистон хостааст, ҳама гуна иттиҳомҳоро дар бораи амалҳои ҷиноӣ, аз ҷумла қонуншикании маъмурони интизомӣ фавран ва ба таври шаффоф бисанҷанд.

Иёлоти Муттаҳида дар изҳороте ҷудогона аз рӯйдодҳои Қарақалпоқистон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хостааст, ба "ҳалли осоиштаи" танишҳо ва худдорӣ аз идомаи хушунат бикӯшанд.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 5-уми июл гуфт, "аз мақомот мехоҳем, таҳқиқи ҳамаҷониба, боварбахш ва шаффоф анҷом диҳанд."

Мақомоти Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфтанд, дар нооромиҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Узбекистон дар бораи боздошти беш аз панҷсад кас хабар дод.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи ислоҳҳоро ба Конститутсияи он кишвар ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он "мустақилӣ"-и Қарақалпоқистон аз байн мерафт, аммо дертар порлумони Узбекистон тасмимро бекор кард.

Қарақалпоқистон бо тақрибан ду миллон аҳолӣ Ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон аст ва чиҳил дарсади қаламрави он кишварро ташкил медиҳад.

навшуда

Баҳси додгоҳии Вазорати молия ва "Талко" бар сари пул

Ҳафтаи оянда баҳси додгоҳии Вазорати молияи Тоҷикистон бо корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" баргузор хоҳад шуд.

Даъвогар дар ин баҳс Вазорати молия аст, ки мегӯяд, ширкати "Талко менеҷмент" фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.

Бар асоси иттилое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, "Талко менеҷмент" ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар (11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ) ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ (37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ) фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, байни ду тараф “баҳс дар бораи хидматрасонии қарз вуҷуд дорад ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад.”

Ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи давлатӣ ва саноатии кишвар аст, ки солона садҳо ҳазор тонна алюминий истеҳсол ва содирот мекунад ва дар гузашта ҳам дар додгоҳҳо баҳсҳои молӣ доштааст.

Дар Эрон се қаҳвахонаро бастаанд. Баҳона – ҳиҷоб

Қум, Эрон

Мақомоти Эрон се қаҳвахонаро дар шаҳри Қум бастаанд, зеро дар онҷо ба гуфтаи онҳо занон ҳиҷоб намепӯшиданд.

Нашрияи “Ҳамшаҳрӣ” дар Теҳрон баёнияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро нашр кардааст, ки дар он омадааст, “се қаҳвахонаро ба сабаби қонуншиканҳои гуногун аз ҷумла надоштани ҳиҷоб ва дигар мушкилот бастанд.”

Шаҳри Қум яке аз марказҳои асосии динӣ ва маҳалли аслии донишкадаҳои исломӣ ва ҷойи иқомати рӯҳониёни бонуфуз дар Эрон аст.

Баъди инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон пӯшидани ҳиҷобро ҳатмӣ карданд.

Солҳои ахир эътироз ба зидди ин дастур ва сарпечии духтарон аз пӯшидани он зиёдтар шудааст.

Аз мардум хостаанд, аз Донетск бираванд

Словянск, Украина

Бо шиддат гирифтани таҳоҷуми Русия ба шарқи Украина, мақомоти вилояти Донетск аз мардум хостанд, инҷоро тарк кунанд.

Нерӯҳои Русия рӯзи 5 ва 6-уми июл ба чанд шаҳру маҳаллаҳои ин қисмати Украина зарба заданд.

Павло Кириенко, раиси идораи низомии ҳукумати Донетск, гуфт, дар ин вилоят 350 ҳазор ғайринизомӣ мондаанд.

“Барои ҳифзи ҷони онҳо ва имкон додан ба артиши Украина барои муқовимат ба нерӯҳои Русия зарур аст, мардум аз вилоят берун раванд,” – афзудааст ӯ.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар муроҷиати видеоии шабонаи худ гуфт, рӯзи 5-уми июл дар тамоми Украина бонги хатар аз ҳамлаҳои ҳавоӣ задаанд.

Павло Кириенко гуфт, ҳоло шаҳрҳои Краматорск ва Словянск ҳадафи асосии Русия шудаанд ва нерӯҳои ин кишвар бе ҳадаф ба маҳаллаҳои аҳолинишин ва зербунёдҳои ғайринизомӣ зарба мезананд.

Мирзиёев вазъи Қароқалпоқистонро бо Путин баррасӣ кардааст

Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои руси худ Владимир Путин рӯзи 5-уми июл суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, раисҷумҳури Русия аз “чораҳои қатъии мақомоти узбек барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҷонибдорӣ кардааст”.

Ин суҳбати нахустини телефонии президенти Узбекистон бо ҳамтои русаш баъд аз эътирозҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон аст, ки рӯзҳои 1 ва 2 июл сар заданд.

Мирзиёев ишора кардааст, ки дар бетартибиҳои Нуқус нерӯҳои хориҷӣ даст доранд, вале дақиқ нагуфтааст, ки он кори кадом нерӯҳо аст.

Ҳукумати Узбекистон дар бетартибиҳо баъзе шаҳрвандонеро айбдор кард, ки ислоҳоти конститутсиониро дар он кишвар “нодуруст” дарк кардаанд.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни бетартибиҳо 18 кас кушта ва 243 нафар захмӣ шудаанд.

Дар Қазоқистон тарабхонаҳои "McDonald’s" ба далели "фаннӣ" дарҳои худро бастанд

Тарабхонаҳои "McDonald's" дар саросари Қазоқистон ба далели мушкилоти техникӣ аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ баста шуданд.

"Барои барқарор ва боз кардани ҳамаи тарабхонаҳо дар ҳоли ҳозир як қатор чораҳо андешида шудааст", - гуфта мешавад дар изҳороти ширкат.

Муштариёни тарабхонаҳои мазкур субҳи 5 июл хабар доданд, ки наметавонанд фармоишҳои худро аз "McDonald's"-ҳои Қазоқистон дарёфт кунанд.

Дар Қазоқистон ҳаққи истифода аз бренди "McDonald's"-ро соҳибкор Кайрат Боронбоев, қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дорад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, як ширкати дигари марбут ба Боронбоев шабакаи "McDonald's"-ро дар вилоятҳои Свердловск, Оренбург, Челябинск, Курган, Тюмен ва Кирови Русия идора мекард.

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан ба ҳабс гирифта шуд

Махамбет Абжан.

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзноманигор Махамбет Абжанро, ки бо иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дастгир гашта буд, ба ҳабс гирифтааст.

Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон 3-юми июл хабар дода буданд, ки Махамбет Абжан дастгир шудааст.

Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон субҳи якшанбе дар шарҳи ин хабар гуфт, шаҳрванд М. Абжан ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон аз як соҳибкор бо таҳдиди нашри маълумоти бадномкунанда дар расонаҳо" айбдор мешавад.

Абжан ахиран гуфта буд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ зидди ӯ "матлабҳои фармоишӣ" нашр мешаванд.

Махамбет Абжан ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистонро бозтоб мекард ва дар доираи парвандаи "нашри маълумоти дуруғ" ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешуд.

Аз хоки Афғонистон ба Узбекистон панҷ мушак афтодааст

Тамрини низомӣ дар сарҳади Узбекистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ дар Узбекистон панҷ мушак афтодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар баёнияе гуфт, "таркиш рӯй надод ва талафоти ҷонӣ нест".

Бар асари афтодани мушакҳо ба чаҳор хона дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз зарар расидааст. Як мушакро аз майдони футбол ёфта, безарар гардондаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, намояндагони Тошканду Кобул сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар додааст. Сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад кард.

Дертар, рӯзи 7-уми майи имсол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак сар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуданд.”

Боқиев гуфт, омодааст, онлайнӣ дар мурофиа иштирок кунад

Қурмонбек Боқиев

Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки баъди фирор аз кишвар дар Беларус зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо нашрияи қирғизии "Жани Ордо" гуфт, омодааст, ба суоли раҳбарият ва сокинони кишвараш посух диҳад.

Ӯ афзуда, ки дар мурофиаи писараш Максим Боқиев дар додгоҳи байнулмилалии Лондон онлайнӣ иштирок дошт.

Боқиев дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё омодааст, онлайнӣ дар баррасии додгоҳии парвандаи худаш иштирок кунад, гуфтааст, "ман омодаам, дар ҳар додгоҳи байнулмилалӣ иштирок кунам. Ман ба ҳама кор омода ҳастам, то насабам дар саҳифаҳои таърих ва дар назди миллат сафед бошад. Ман ташнаи адолат ва ҳақиқат ҳастам. Раҳбарияти Қирғизистон медонад, ки ман дар қароргоҳе дар Беларус зиндагӣ мекунам. Аммо ягон кас маро огоҳ накардааст, ки ба зидди ман айб эълон кардаанд. Ҳоло президентҳо онлайнӣ ҷаласа баргузор мекунанд ва додгоҳҳои Қирғизистон низ ба монанди додгоҳи Лондон метавонад онлайнӣ ҷаласа баргузор намоянд. Агар мехостанд, метавонистанд. Агар розӣ шаванд, ман хурсанд мешавам".

Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи "Инқилоби лолаӣ"-и зидди ҳукумати Аскар Оқоев сари қудрат омад, аммо дар натиҷаи инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз сари қудрат барканор шуд.

Боқиев баъди инқилоби апрелӣ аз Қирғизистон фирор кард. Айни замон вай ҳамроҳ бо хонаводааш дар Беларус зиндагӣ дорад. Ин кишвар ба вай шаҳрвандӣ додааст. Соли 2015 Боқиев дар Минск хона сохт ва соли 2019 онро ба духтараш тақдим кард.

Ҳукумати Қирғизистон дар талоши истирдоди вай аст. Дар Қирғизистон хонаводаи Боқиевҳоро дар куштори тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва суистифода аз мақоми хидматӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ғоибона ба 30 сол зиндон маҳкум ва дар пайгард қарор дода шудааст.

Афзоиши нигаронӣ аз тарҳи мубодилаи зиндониён миёни Эрон ва Белгия

Асадуллоҳ Асадӣ.

Порлумони Белгия рӯзи 5-уми июл тарҳеро баррасӣ мекунад, ки қабули он метавонад роҳро барои табодули як дипломати эронӣ ҳамвор кунад.

Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати 50-солаи эронӣ, ки дар сафорати Эрон дар Австрия кор мекард, муттаҳам аст, ки маводи таркандаи нимкилоиро ба як ҷуфти эронии муқими Белгия дод, то моҳи июни соли 2018 ҳамоиши созмони "Муҷоҳиди халқ"-ро дар атрофи Порис ҳадафи ҳамла қарор диҳанд.

Ин тарҳ аз сӯи вакилони мухолифи ҳукумати Белгия ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Ба гуфтаи онҳо, дар қабули ин тарҳ роҳро барои интиқоли Асадуллоҳ Асадӣ ба Эрон, ки соли 2021 дар Белгия ба 20 сол зиндон маҳкум шуд, боз мекунад.

Ҷорҷ Даллемагне, намояндаи порлумони Белгия, гуфтааст, ҳукумати кишвараш эҳтимолан ба унвони "иқдоми инсондӯстона" Асадиро бо Аҳмадризо Ҷалолӣ, шаҳрванди дутобеиятии эрониӣ-шветсиягӣ ва устоди Донишгоҳи Брюссел, ки дар Эрон маҳкум ба қатл шудааст, мубодила хоҳад кард.

Ҷалолӣ муттаҳам ба ироаи маълумот ба Исроил мешавад, ки дар террори шуморе аз донишмандони баландпояи ҳастаӣ мадад кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё вай шомили ин қонун мешавад ё не, чун шаҳрванди Белгия нест.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Белгия рӯзи 5-уми июл ба бахши эронии Радиои Озодӣ аз боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар Эрон дар моҳи феврал хабар дод.

Ҳамзамон Вазорати адлияи Белгия рӯзи сешанбе бо таъйиди ин хабар эълон кард, ки иттиҳоми ин шаҳрванди белгиягӣ барои боздошт дар Эрон "ҷосусӣ" қайд шудааст.

Эҳтимол Қазоқистон қарордоди иҷораи киштияшро ба ширкати русӣ бекор кунад

Вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Кайрбек Ускенбоев 5-уми июл баъди ҷаласаи ҳукумат гуфт, эҳтимол Нурсултон қардодро бо ширкати русие бекор кунад, ки киштии "Жибек Жолӣ"-ро ба иҷора гирифтааст.

"Агар киштӣ ба фаъолиятҳое машғул шавад, ки хилофи қонунҳои Қазоқистон ва байнулмилалӣ мебошад, шартнома бекор ва киштӣ бозпас гирифта мешавад", - изҳор доштааст Ускенбоев.

Рӯзи 3-юми июл маълум шуд, як киштии борбари Русия бо гандуми рабудашудаи Украина дар Туркия боздошт шудааст.

Сафири Украина дар Туркия Василий Боднар гуфт, ҷониби Киев барои рӯшан кардани вазъ бо мақомоти гумруки Туркия ҳамкорӣ мекунад.

Киштии "Жибек Жолй" бо парчами Русия дар Туркия қарор дорад. Он ба як ширкати қазоқӣ тааллуқ дорад ва иддао мешавад, ки дар фурӯши гандум як ширкати эстонӣ ва туркӣ даст доранд.

Пештар Украина аз Туркия хоста буд, киштии марбут ба соҳибкори қазоқро, ки бо парчами Русия аз бандари баҳри "Азов" берун шудааст, боз дорад.

Русия маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-ро дар марз бекор мекунад

Русия аз 15-уми июл маҳдудиятҳои воридшавӣ ба он кишварро, ки моҳи марти соли 2020 дар пайванд ба коронавируси нав ҷорӣ шуда буд, бекор мекунад.

Маҳдудиятҳои вуруд ба Русия аз тариқи роҳҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ аз 14-уми июн бекор шуда буд ва ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути роҳҳои заминӣ низ ба Русия раванд.

Мусофирон, ба ҷуз аз шаҳрвандони Беларус, ҳангоми вуруд ба Русия бояд санҷиши коронавирус супоранд.

Роспотребнадзор 1-уми июл маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, манъи хӯрокхӯрии шабона ва чорабиниҳои оммавиро бекор карда буд.

Дар Роспотребнадзор гуфтанд, ки маҳдудиятҳо дар пайи коҳиши шумори мубталоёни коронавирус гирифта шудааст

Дар робита ба бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон парванда кушоданд

Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Нуқуси он кишвар бо банди "Маслиҳат бо мақсади ғасби қудрат ё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвар" парванда боз кардааст, ки аз 10 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аброр Маматов, як масъули Додситонии кулли Узбекистон, 4-уми июл дар нишасти хабарие гуфт, парвандаро гурӯҳи тафтишотӣ, ки ба ҳайати он намояндагони Хадамоти амнияти давлатӣ, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ ва Горди миллӣ шомиланд, тафтиш мекунад.

"Тафтишот ва корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ анҷом шуда, барои таъмини волоияти қонун ва ногузирии ҷазо тамоми чораҳо андешида мешаванд", - афзудааст Маматов.

Бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд.

Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҳамла ба мошини сарбозони Толибон дар Ҳирот

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тирандозӣ ба як мошини сарбозони Толибон дар шаҳри Ҳироти Афғонистон ду нафар кушта ва даҳҳо сарбози дигар захмӣ шудаанд.

Як мақоми шифохонаи Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тирандозӣ 20 Толиб ҷароҳат бардоштааст.

Дар мошин сарбозони воҳиди низомии “Ал-Форуқ”-и Вазорати дифои Толибон нишаста будаанд.

Як мақоми ин гуруҳи тундрав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамларо ду марди рикшасавор анҷом додаанд ва яке аз онҳо дар маҳалли ҳодиса кушта шуда, дигарӣ фирор кардааст.

Ҳеч касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Зеленский қавл дод, ки Луганскро пас мегиранд

Владимир Зеленский

Баъд аз ишғоли шаҳри Лисичанск дар шарқи Украина, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба нерӯҳои кишвараш амр додааст, ки ҳамлаҳоро дар ин қисмати Украина идома диҳанд.

Бо ишғоли Лисичанск, нерӯҳои Русия тамоми қаламрави вилояти Луганскро тасарруф карданд.

Владимир Путин рӯзи 4-уми июл гуфт, “нерӯҳои Русия бояд иҷрои вазифаҳояшонро бар асоси барномаи қаблан тасдиқшуда идома диҳанд” ва дар минтақаи Донбас онгуна ки дар Луганск иттифоқ афтод, пешравӣ кунанд.

Нерӯҳои Украина рӯзи 3-юми июл аз шаҳри бомбабороншудаи Луганск ақибнишинӣ карданд, вале раиси ҷумҳур Владимир Зеленский қавл дод, ки сарбозони кишвараш дигарбора ин вилоятро пас мегиранд.

Дигар ин ки дар як нишасти байнулмилалӣ дар Женева мақомоти Украина гуфтанд, барои барқарор кардани кишвари харобшудаашон 750 миллиард доллар зарур аст. Онҳо гуфтанд, қисми зиёди ин пулро метавон аз ҳисоби пули мусодирашудаи шахсони сарватманди Русия ба даст овард, ки аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд

Тазоҳурот дар Бишкек

Як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон рӯзи 5-уми июл дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии он кишвар дар Бишкек бо талаби қатъи хушунат нисбат ба духтарон ва бонувон гирдиҳамоӣ карданд.

Эътирозгарон, ки дар миёни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони маданӣ низ ҳастанд, ҳамзамон истеъфои вазири корҳои дохилии Қирғизистонро хостанд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар пайи нашри хабари гумонбар шудани ду корманди пулис ба таҷовузи як духтари 13-сола баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи омори Қирғизистон, соли гузашта дар он кишвар 3034 мавриди хушунат нисбат ба кӯдакон сабт шудааст.

Парвандаи як вакилро дар Суғд ба додгоҳ фиристоданд

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи як вакили дифоъро аз вилояти Суғд, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Оҷонсӣ рӯзи 4-уми июл дар баёнияи расмӣ гуфт, Баҳром Маъруфов аз як сокини вилоят барои беэътибор кардани ақди никоҳи ӯ бо ҳамсараш 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ӯро ҳангоми гирифтани ин пул боздошт кардаанд.

Назари Баҳром Маъруфов маълум нест ва дигар инки адвокатҳо барои ҳимоят аз ҳаққи касе дар додгоҳ бар асоси қонун пул мегиранд.

Шикоят аз фишор ба адвокатҳо дар Тоҷикистон зиёд аст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ин корро бас кунад.

Дар роҳи Душанбе – Бадахшон нақб сохтаанд. ВИДЕО

Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ

Дар як гӯшаи хатарноку осебпазири роҳи Душанбе-Бадахшон нақби 356-метрӣ сохтаанд.

Ин қитъаи роҳ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст ва ҳар сол зери об монда, равуо имконнопазир мешавад.

Роҳсозон мегӯянд, нақбро то охири имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.

Вадуд Қурбонов, яке аз онҳо охири моҳи июни имсол ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "сохмтони туннели Ширговад барои соли гузашта оғоз шуд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист."

Видеоро инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон нақби нав сохтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Роҳи мошингард тавассути Ширговадро дар соли 1961 бунёд кардаанд. Аз инҷо то маркази Дарвоз 23 километр роҳ аст. Ҳар тобистон ва дар фасли гармо маҷрои дарёи Панҷ баланд ва равуо дар ин қитъа мушкил мешавад.

Рӯзҳои 8 ва 9-уми июли соли 2017 борони зиёд ва сел дар ҳудуди деҳаҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз тақрибан як километр роҳи Душанбе – Бадахшонро баст. Сокинон як муддат бо пайроҳаҳои хавфноки кӯҳӣ равуо карданд.

Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ
Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG