Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаводиси табиӣ дақиқ пешбинӣ намешаванд


Мақомоти обуҳавосанҷии Тоҷикистон иқрор мекунанд, ки ҳаводиси фалокатборро ба таври дақиқ пешбинӣ карда наметавонанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бар асари ҳаводиси фалокатбори табиъӣ дар соҳоти гуногун ҳамасола хисороти зиёде мебинад.

Муҳаммад Сафаров, муовини раиси Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, мегӯяд, ин муассиса тавони пешбинии ҳаводиси фалокатангези табиъиро надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин муассиса фақат метавонад ҳаводиси то панҷ рӯзи пешро пешбинӣ кунад. Ба қавли вай, пешгӯии панҷрӯза муҳлати камтарин ба шумор рафта, имкон намедиҳад, ки вазоратхонаҳои масъули Тоҷикистон ба хатарҳои табиъӣ омодагии ҷиддӣ бубинанд. Ӯ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин набудан, камбуди мутахассисон, куҳна шудани системаи алоқаи идороти обуҳавосанҷиро авомили ҳаводиси фалокатборро пешбинӣ карда натавонистани идораҳои обу ҳавсанҷии Тоҷикистон меҳисобад.

Феълан, меафзояд ӯ, системаи обуҳавосанҷии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба як барномаи ҷадиди кориву фаннӣ ниёз дорад, то бо роҳандозии он аз воқиъоти фалокатбор мақомоти кишвар дақиқ огоҳ карда шаванд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон, дар як сол тақрибан ҳудуди 200 ҳодисаи фалокатбор, чун болоравии оби дарёҳову боронгариҳои давомдор ва ё лағжиши кӯҳҳо ба вуқуъ мепайванданд. Дар Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва ниҳодҳои дигари масъули Тоҷикистон гуфтанд, ки дар аксари мавориди аз вуқӯъи ҳаводиси фалокатангези табиъӣ бехабар мемонанд ва наметавонанд аз қабл барои рафъи онҳо тадбир андешанд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи изтирории Тоҷикистон, ҳамасола ин кишвар бар асари дуруст огоҳ набудан аз пешомади ҳаводиси фалокатбори табиъӣ, дар ҳаҷми миллионҳо сомонӣ хисорот мебинад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG