Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси ИА зери парчами СММ ба Косово меояд


Шӯрои Амнияти СММ барномаи таҳти парчами Созмони Милал фаъолият кардани ҳайъати додгоҳӣ ва пулиси ИА дар Косоворо тасвиб кард. Изҳороти бо иттифоқи оро қабулкардаи ҳамаи 15 узви Шӯрои Амният ҳамчунин аз қасди Сербистону Косово ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомиаи байналмилалӣ истиқбол мекунад. Ҳайъати пулис ва додгоҳии ИА бояд дар Косово ба дунболи эълони истиқлолияташ дар моҳи феврал оғоз ба кор мекард, вале ба далели мухолифатҳои Сербистон то кунун танҳо як бахши ин ҳайъат дар Косово мустақар шудааст.
XS
SM
MD
LG